Сулҳбонони қирғиз ба Сурия мераванд?

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар суҳбат бо нашрияи «Известия» ба суоли ширкати посдорони сулҳи қирғиз дар барқарорсозии баъдиҷангии Сурия посух дод.

«Оё Бишкек омода аст, ки зери роҳбарии СММ дар амалиёти посдории сулҳ ширкат кунад?», — суол доданд хабарнигорон ба президенти Қирғизистон. Вай гуфт, «дар воқеъ, тариқи расонаҳо бархе аз коршиносон ин масъаларо баррасӣ мекунанд».

Вай ҳамчунин афзуд, «масъалаи ширкати нерӯҳои посдори сулҳ дар Сурия дар ҷаласаи шӯрои доимии СПАД баррасӣ шудааст, аммо дар марҳилаи кунунӣ ин пешниҳод ҷонибдорӣ нашуд».

«Қирғизистон аз ҳеч ҷонибе пешниҳод нагирифтааст ва бо ҳеч ҷонибе дар мавриди фиристодани нерӯ ба Сурия гуфтугӯ надорад. Амалишавии ин масъала дар сурати қабули қарор аз ҷониби кишварҳои узви СПАД, қатъномаи мусбати Шӯрои амнияти СММ ва инчунин ризоияти порлумони Қирғизистон имконпазир аст», — афзуд Ҷээнбеков.

Ибтидои моҳи октябри соли 2017 сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфт, ки Қирғизистон дар бораи фиристодани нерӯҳояш ба Сурия расман пешниҳод дарёфт накардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply