Сооронбой Жеенбеков президенти навбатии Қирғизистон

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар интихоботи президентии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков (Ҷиянбеков) бо ҳудуди 55 дарсади овозҳо дар ҷои аввал аст. Омурбек Бабанов бо касби 34 дарсади овозҳои ҷои дуюмро гирифтааст.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон бо анҷоми овоздиҳӣ натиҷаҳои муқаддамотии овоздиҳиро эълон кард.

Бино ба ин натиҷаҳои эълоншуда, дар интихоботи президент 1 миллиону 557 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Ҳудуди 860 ҳазор, ё 55 фоизи мардум ба номзади ҳизби сотсиал-демократ Сооронбой Жеенбеков овоз додаанд. Президенти  кунунии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ аз номзадии Жеенбеков пуштибонӣ мекард.

Раҳбари фраксияи парлумонии «Республика – Ота Журт” Омурбек Бабанов ҳудуди 34 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Ба тарафдорӣ аз Бабанов 530 ҳазор нафар раъй додаанд.

Раҳбари ҳизби «Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров ҳудуди 6,5 фоиз ё 102 600 овоз гирифтааст. Ба тарафдорӣ аз раҳбари ҳизби «Ой-Шумқор” Темир Сариев 40 ҳазор ва ба тарафдорӣ аз Таалатбек Масодиқов 9300 нафар овоз додаанд.

Барои мақоми президенти Қирғизистон 11 номзад мубориза мебурд.

То соати 20:48 ба вақти Бишкек тақсимоти овозҳо ба чунин тартиб аст:

  1. Сооронбой Жээнбеков – 856,9 ҳазор овоз.
  2. Омурбек Бабанов – 530,1 ҳазор овоз.
  3. Адахон Мадумаров – 102,6 ҳазор овоз.
  4. Темир Сариев – 40 ҳазор овоз.
  5. Таалатбек Масодиқов – 9,3 ҳазор овоз.

6.Улукбек Кочкоров набрал 8 ҳазор овоз.

  1. Азимбек Бекназаров – 2,5 ҳазор овоз.
  2. Арстанбек Абдилдаев — 1,8 ҳазор овоз.
  3. Эрнис Зарлыков – 1,4 ҳазор овоз.

10.Арсланбек Малиев – 1,4 ҳазор овоз.

  1. Токтойим Уметалиева – 1,3 ҳазор овоз.

Ба зидди ҳама – 10,9 ҳазор овоз.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply