Собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ҳабс карданд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

 

Нашрияи «Ал-Қудс-ал-Арабӣ” хабар дод, ки раисиҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро дар шаҳри Шероз дастгир карда, ба ҳабси хонагӣ андохтаанд. Бино ба ин манбаъ, Аҳмадинажод ба даъвати мардум ба эътирозҳо айбдор мешавад ва боздошти ӯ бо мувофиқати раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ сурат гирифтааст. Ин хабар ҳанӯз аз ҷониби мақомоти Эрон расман тасдиқ нашудааст.

Бино ба гузориши нашрияи «Ал-Қудс-ал-Арабӣ”, раисиҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран дар шаҳри Шероз бо мувофиқати раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастгир шудааст ва ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барои даъвати мардум ба эътирозҳо боздошт шудааст.

Кай дастгир шудани ӯ маълум нест. Мақомоти расмии Эрон низ дар ин бора ҳанӯз расман шарҳе надодаанд.

«Ал-Қудс-ал-Арабӣ” менависад, ки Аҳмадинажод рӯзи 28 декабр дар Бушаҳр мансабдорони ҳукумати Эронро ба он айбдор кард, ки аз мушкилоти мардум хеле дур шудаанд ва аҳволи воқеиро намедонанд.

Мақомоти расмии Эрон то ҳол хабари боздошти Маҳмуди Аҳмадинажодро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Аммо бино ба хабарҳо, дар ҷараёни эътирозҳои густарда дар Эрон, ки аз 28 декабр оғоз шуданд, дастикам 22 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 1700 нафар боздошт шуданд.

Тазоҳуроти ахир дар Эрон бузургтарин эътирозҳо аз замони эътирозҳои соли 2009 аст, ки мардум дар пайи эълони пирӯзии баҳсбарангези Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи президентӣ ба кӯчаҳо рехта буданд.

Эътирозҳои густарда дар Эрон рӯзи 28 декабр ба нишони эътироз аз боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла 40 дарсад боло рафтани нархи тухми мурғ оғоз ёфт. Нахустин гирдиҳамоиҳо дар Машҳаду Нишопур сурат гирифта, рӯзҳои 29 ва 30 декабр мардум дар Теҳрон, Аҳвоз, Кирмоншоҳ, Дурӯд, Шаҳри Курд, Занҷон ва ҳатто дар Қум, ки гаҳвораи инқилоби исломӣ ва саргаҳи режими Ҷумҳурии исломӣ шумурда мешавад, ба хиёбонҳо рехтанд.

«Миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад”, «Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун” аз ҷумлаи шиорҳоест, ки дар ин эътирозҳо садо медиҳанд. Мардум ҳамин тавр портретҳои оятуллоҳ Алии Хоманаӣ – раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломиро ба замин афканда, ба зидди режими мазҳабие, ки 39 сол боз бар Эрон ҳукумат меронад, шиор мезананд. Бино ба хабарҳо, дар чандин шаҳр эътирозгарон биноҳои давлатӣ ва мошинҳои пулисро оташ задаанд.

Рӯзи 6 январ дар чандин шаҳри Эрон гирдиҳамоиҳои тарафдорони ҳукумат доир шуд, ки дар он кишварҳои Ғарб ва Исроилро ба таҳрики эътирозҳои ахир дар Эрон айбдор карданд.

Ҳамин тавр, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Ризоӣ дар як нишасти хабарӣ, идораи ҷосусии Амрикоро айбдор кард, ки дар таҳрики тазоҳуроти эътирозӣ дар Эрон даст дорад. Мӯҳсин Ризоӣ гуфт, кишварҳои Ғарб дар ин кор раиси дафтари писари Саддом Ҳусейн, як додарарӯси раҳбари собиқи Ироқ, курдҳои Ироқ ба раҳбарии Масъуди Боризонӣ ва созмони Муҷоҳиддини халқро истифода бурдаанд.

Аммо, афзуд генерал Ризоӣ, эътирозгароне, ки бо талабҳои иқтисодӣ ба хиёбонҳо рехта буданд, худро аз «душманони инқилоб” ҷудо карданд ва тири онҳо хок хӯрд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ҳабс карданд

  • ин хабар сад дар сад дурӯғ аст. чаро обруи сайти худатонро мебаред. чаро дурӯғу тӯмат???

Leave a Reply