Собиқ кормандони телевизиони Тоҷикистон даъвои рақобат бо Кумитаи ТВ доранд

Сиёсат, Слайдер

 Талабшо Муқимов, Нури Наср, Далер Иброҳимов, Абдураҳими Умариён ва даҳҳо рӯзноманигорони ба истилоҳ муҳоҷир мехоҳанд даст ба рақобат бо телевизиони Тоҷикистон зананд. Онҳо тасмим доранд дар Амрико як телевизиони тоҷикӣ таъсис диҳем.

Умедҷон АҲМАДЗОДА, журналисти тоҷики муқими Амрико

Изҳор намудааст, ки барои таъсиси телевизион потенсиали эҷодӣ ба пуррагӣ мерасад, танҳо як сарпарасте лозим, ки ин ниятро дастгирӣ ва сармоягузорӣ кунад. Ӯ мутмаин аст, ки пиёда сохтани иқдом имконпазир аст. Зеро тӯли чанд соли охир як гурӯҳ кормандони эҳодии телевизион бар иллати нодоштани имкони амалӣ сохтани потенсиали эҷодии худ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд, навиштааст сомонаи Ахбор.

Ба назари ин гуруҳ шароити хубе дар ин ҷода дар Амрико фароҳам расидааст. Шахсони зерин барои амалӣ сохтани ин кор худро номнавис кардаанд, ки макони зист ин кишварро интихоб еардаанд:

Далер Иброҳимов— журналист, ровии телевизион, собиқ муовини директори Телевизиони «Тоҷикистон”,

Нури Наср— журналист, ровии телевизион, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои муаллифии «Эҷод»- и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,

Муҳаммадсафои Ҳасан— журналист, ровӣ, шореҳи варзиш, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои «Ҷавонӣ ва варзиш»- и Телевизиони «Точикистон”,

Зафар Саидов— журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои муаллифии «Эҷод»- и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,

Умед Аҳмадзода— журналист, ровӣ, шореҳи варзиш, собиқ сармуҳаррири Идораи барномаҳои «Ҷавонӣ ва варзиш»- и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии » Хабар»- Муассисаи давлатии «Телевизиони Варзиш»,

Маҳноз Ҷонмаҳмадова-журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,

Талабшо Муқимов-журналист, ровии телевизион, собиқ муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои муаллифии » Эҷод»- и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,

Абдураҳими Умариён-журналист, собиқ корманди дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ҳотами Файзулло— журналист, нависанда, собиқ ровии барномаи » Субҳ»- и Телевизиони «Точикистон”,

Иброҳим Раҷабов— журналист, ровии телевизион, собиқ ровии барномаи » Субҳ»- и Телевизиони «Тоҷикистон”,

Диловар Ашўров— наворбардор, собиқ сардори Идораи наворбардорони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,

Шеравлиё Алимов-танзимгар, собиқ танзимгари Идораи барномаҳои муаллифии » Эҷод»- и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»,

Адиба Рустамзода-журналист, собиқ корманди Муассисаи давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо”…

Гурӯҳе бар ин ақида ҳастанд, ки неруи эҷодӣ бошад, маблағгузор пайдо мешавад. Билхоса, ки имрузҳо барои ҷалби рӯзноманигорони соҳибқалами тоҷик, билхоса дар Аврупо “шикорчиён” и зиёде пайдо шудаанд. Дар чунин вазъият мебояд барои рӯзноманигорон ва кормандони телевизион шароити беҳтаре фароҳам оварда шавад, ки онҳо тавонанд потенсиали эҷодии худро амалӣ созанд. Дар ин замина шояд зарурат ба осон сохтани гирифтани иҷозатномаҳо ҷиҳати бунёди телевизиони ғайри давлатӣ,  сабук сохтан бори гарони андоз барои рӯзномаҳо фароҳам расида бошад.

Коршиносон бар он назаранд, ки гуруҳи калони рӯзноманигорон имрӯзҳо дар кишварҳои Ғарб, билхоса Олмон қарор доранд ва онҳо низ дар пайи таъсиси рӯзномаи чопӣ ва интернетӣ ҳастанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply