СНБ ба ҷони президенти Ӯзбекистон  сӯиқасд ташкил кард?

Сиёсат, Слайдер, Узбекистон

Як сомонаи мухолифини узбек мегӯяд, ки мақомоти амниятии Қирғизистон аз як кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки мебоист дар рӯзҳои сафари расмиаш ба Бишкек анҷом мешуд, ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба иддаои муаллиф, дар пушти ин сӯиқасд генералҳои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон истодаанд.Сомонаи Ҳаракати халқии Узбекистон – як ташаккули умдаи мухолифини узбек – навиштааст, Д.С., як шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон, ки рӯзи 2 сентябр аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар ҳамчун узви фаъоли ДОИШ бо иттиҳоми «анҷоми амали диверсиониву террористӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои аҳамияти давлатӣ” дастгир шуд, дар асл на фиристодаи ДОИШ, балки муздури зархариди генералҳои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон буд. Бино ба иддаои муаллифи ин матлаб Усмон Ҳақназаров, манзур аз «чорабиниҳои аҳамияти давлатӣ” сафари раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон буд ва Д.С. нақшаи сӯиқасд ба ҷони Мирзиёев бо дастури генералҳои узбекро дар сар дошт.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабари боздошти Д.С-ро рӯзи 7 сентябр, дар рӯзи боздиди Мирзиёев аз Бишкек ва мулоқотҳояш бо президенти қирғиз Алмосбек Отамбоев нашр кард. Аммо Ҳақназаров менависад, нақшаи сӯиқасд ба ҷони Мирзиёев дар рӯзҳои боздидаш аз Қирғизистон ҳанӯз дар нимаи дуюми моҳи авгууст кашида шуда, Ҳаракати халқии Узбекистон аз 20 то 22 август аз манобеи мухталиф дар Тошканд ва Бишкек иттилои ҳамсон гирифтааст, ки генералҳои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон мехоҳанд Мирзиёевро дар Бишкек аз байн бардоранд.

Усмон Ҳақназаров менависад: «Бино ба ин маълумот, раҳбари яке аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ба ҳамкори худ аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои ташкили ин сӯиқасд ду миллион доллар додааст.”

Муаллиф меафзояд, ки баъди тасдиқи ин хабар аз се манбаъ дар Тошканд ва як манбаи дигар дар Бишкек намояндагони Ҳаракати исломии Узбекистон талош кардаанд, то ин маълумотро ба самъи атрофиёни Шавкат Мирзиёев бирасонанд. Вале атрофиёни президенти Узбекистон ба дурустиву сиҳати хабар ва самимияти намояндагони мухолифин бовар накардаанд.

Ҳақназаров менависад: «Яке аз ин каналҳои тамос бо атрофиёни наздиктарини президент ҳатто бо киноя ба одами мо гуфт: «Шояд шумо бо чунин «сенсатсия” мехоҳед ба Шавкат Миромонович хуш биоед ва худро ба вай наздик кунед?” Бахши дигари «наздикон” тарсиданд, ки бо чунин маълумоти хатарнок ба «дарбор” бираванд. «Ман бо чунин шумхабар онҷо рафтану муносибатамро бо пайвандони президент гум кардан намехоҳам”, — ба таври ошкор изҳор дошт яке дигар аз афроди наздик ба «дарбор.”

Усмон Ҳақназаров меафзояд, ки онҳо аз нашри гузориши пешакӣ дар ин бора низ дар ниҳоят худдорӣ кардаанд, чунки манобеашон дар Бишкек гуфтаанд, ки дар сурати ифшо шудани нақшаи сӯиқасд генералҳои узбек метавонанд нақшаро тағйир бидиҳанд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон ба ҷои таъқиби генерали қирғизи ҷалбшударо бештар сӯдманд номида, бино ба иддаои муаллиф, ба ҳамин васила, омили сӯиқасдро ошкор кардаанд.

Ӯ менависад, дар худи Узбекистон анҷом додани сӯиқасд ба ҷони Мирзиёев метавонист вазъро ба ҳам зада, ангушти иттиҳомро ба сӯи мақомоти амниятӣ, ки аз барномаи ислоҳоти президенти кунунӣ розӣ нестанд, баланд кунад. Аммо дар Бишкек мақомоти амниятии Узбекистон, ба гуфтаи Усмон Ҳақназаров, шабакаи печдарпечи агентурӣ доранд.

То куҷо воқеият доштани иддаои муаллифи ин мақола рӯшан нест, вале Усмон Ҳақназаров ҳамчун як муаллифи огоҳ аз ҷараёнҳои пасипардагӣ дар Узбекистон ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла нахустин нафаре буд, ки дар бистари марг қарор доштани президенти қаблӣ Ислом Каримов ва баъдан нақшаи Шавкат Мирзиёев барои аз мансаб барканор кардани як рақиби асосиаш – Рустам Азимовро ифшо кард.

Мақомоти Узбекистону Қирғизистон дар бораи вуҷуди нақшаи сӯиқасд ба ҷони Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Бишкек расман изҳори назар накардаанд. Вале иддаои нави Ҳақназаров дар бораи нақшаи сӯиқасд ба ҷони Мирзиёевро матраҳ кардани генералҳои амниятии узбек дар ҳоле нашр шуд, ки бино ба хабарҳо, Мирзиёев баъди аз саҳна танг кардани Рустам Азимов, барои канор задани генерал Рустам Иноятов – раиси Хадамоти амнияти миллӣ ва охирин рақиби билқуввааш дар арши сиёсии Узбекистон дастбакор шудааст.

Усмон Ҳақназаров менависад, ноком шудани нақшаи сӯиқасд ба ҷони Мирзиёев дар Бишкек ба маъное нест, ки «душманон ва мухолифони ислоҳоти Мирзиёев ба худ биоянд ва қарор бигиранд. Онҳо барои баргардондани мавқеъҳои аздастдодаашон то охир хоҳанд рафт.”

Шавкат Мирзиёев, ки ҳоло 60 сол дорад, як сол пеш, дар пайи даргузашти Ислом Каримов ба мақоми раҳбари Узбекистон расид. Гуфта мешуд, ки интихоби Мирзиёев ба ин мақом натиҷаи муомилаест, ки бар асоси он қудрат дар Узбекистон бояд байни се нафар – худи Мирзиёев, генерал Иноятов ва муовини вақти сарвазир Рустам Азимов тақсим шавад. Мирзиёев дар як соли аввали раёсаташ Рустам Азимовро ба як ширкати суғурта «бадарға” кард ва хеле аз салоҳиятҳои генерал Иноятовро низ коҳиш дод. Хабаргузории мӯътабари Ройтерс қаблан навишта буд, ки Рустам Иноятов шадидан мухолифи барномаи ислоҳоти Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла мухолифи азми вай барои беҳбуди муносибатҳо бо Тоҷикистон будааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply