СММ: Ҷонибҳои даргири Эрон, хунрезиро бас кунед!

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз мақомоти Эрон талаб кард, ки ба озодии ақида ва гирдиҳамоӣ арҷ бигзорад. Федерика Могеринӣ, роҳбари олии ИА дар умури сиёсати хориҷӣ аз ҷонибҳои даргири Эрон хост, даст аз хушунат боздоранд.

Дар ҳамин ҳол, Вашингтон талаб дорад, ки дар робита ба густариш ёфтани хушунат дар Эрон, ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад. Шӯрои ҳуқуқи башари Женева низ бояд дар робита ба қатли эътирозгарон дар Эрон изҳори назар кунад, мегӯяд намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ.

Ҳейлӣ рӯзи сешанбе дар СММ ҷасорати эътирозгарони Эронро сутуд ва афзуд, гирдиҳамоиҳо дар саросари ин кишвар ба таври худҷӯш сар задаанд ва дахолати хориҷӣ дар онҳо дида намешавад. Пештар аз ин роҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ гуфт, душманони Эрон муттаҳид шуда, мехоҳанд, ба ҳукумати кишвар зиён бирасонанд.

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки шаби 2 январ дар натиҷаи эътирозҳо 9 нафар ҷон бохтанд. Ба ин тартиб, бар пояи иттилои расмӣ, дар натиҷаи тазоҳурот дасти кам 20 нафар кушта шудаанд, ки миёнашон кормандони пулис низ ҳастанд. Дар Теҳрон аз рӯзи шанбе ба ин сӯ беш аз 450 одам боздошт шуд. Чунин боздоштҳо дар шаҳрҳои дигар низ рӯй додааст. Дар ибтидо мардум ба хотири гароншавии маҳсулот ба кӯчаҳо рехтанд, аммо баъдтар эътирозҳо сиёсӣ шуданд.

Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон эътирозҳои омехта бо хушунат ва тахрибкориро маҳкум кард, аммо аз ҳукумат хост, «барои баёни эътироз ва танқидҳо шароити қонунӣ фароҳам оварад».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply