Шоҳзодаҳои Арабистон як як паси панҷара рафтанд

ИҚТИСОД, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Арабистони Саудӣ 11 шоҳзодаро барои эътироз ба зидди қарори раҳбарони кишвар дар бораи кам кардани харҷи давлатӣ барои аъзои хонаводаи шоҳ дастгир кардаанд.

Бар асоси ин қарор, аз ин баъд харҷи обу барқ ва дигар хадамоти коммуналиро бояд аъзои хонаводаи шоҳ худашон бипардозанд. Хабаргузории Ройтерс бо такя ба вебсайтҳои арабӣ навиштааст, ки шоҳзодаҳои норозӣ дар кохи шоҳи Арабистон дар шаҳри Риёз ҷамъ омада ва талаботашонро пеш гузоштаанд.

Баъди сарпечӣ аз амри пароканда шуданд, ҳамаашонро ба зиндон бурдаанд. Мақомоти Арабистони Саудӣ ин хабарро шарҳ надодаанд. Муҳаммад бин Салмон, вориси ҷавони тахти шоҳи Саудӣ ҳоло ислоҳотеро дар кишвараш ба роҳ андохта ва барои коҳиши харҷи буҷа, ки даромадаш камтар мешавад, роҳи сарфаҷӯиро пеш гирифтааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply