Шаҳрванди Ӯзбекистонро қазоқҳо наҷот доданд

Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, ҲУҚУҚ

Пулиси Қазоқистон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент наздики 50 шаҳрванди Ӯзбекистонро аз сардӣ наҷот дод.

«15 декабр дар шоҳроҳи Самара-Чимкент дар наздикии маҳали аҳолинишини Иргиз автобуси ҳомили муҳоҷирони ӯзбек аз кор монд. Аз кор мондани автобус метавонист бо фоҷиа анҷом шавад, зеро сардии ҳаво ба 23 дараҷа мерасид», — менависанд расонаҳои ӯзбекӣ.

Бино бар иттилои пулиси вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, автобус 48 муҳоҷири ӯзбекро аз Русия ба ватан бармегардонд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, техникаи махсусро даъват ва мусофиронро ба макони гарм интиқол доданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply