Сафари ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Душанбе

Сиёсат, Слайдер, Узбекистон

Сафари ҳайати ҳукумати Узбекистон бо роҳбарии муовини сарвазир Рустам Азимов ба Тоҷикистон як рӯз ба таъхир афтодааст.

Қаблан гуфта мешуд, ин сафар 26 декабр сурат гирифта, намояндагони ду тараф масоили ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Шояд дар сафар будани  Эмомалӣ Раҳмон барои як рӯз дертар омадани ҳайати Узбекистон сабаб шудааст. Президент 26 декабр барои иштирок дар ҷаласаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Санкт-Петербург рафт. Интизор меравад, сафари ҳайати Узбекистон ба Душанбе рӯзи 27 декабр сурат гирифта, президенти Тоҷикистон рӯзи 28 декабр муовини сарвазири Узбекистон ва раҳбари ҳайати ин кишварро ба мулоқот пазирад.Бино ба иттилои манобеъҳо, ҷонибҳо дар Душанбе масъалаи содда гардондани низоми раводид миёни ду кишварро, ки соли 2000 ҷорӣ шудааст, баррасӣ ва дар бораи боз кардани роҳҳои заминӣ — роҳи оҳан ва равуои автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон низ созиш хоҳанд кард. Ба гуфтаи як манбаъ, аз ҳукумати Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар марзи кишвар бо Узбекистон гузаргоҳҳои нави марзӣ боз ва ҳамкориҳо миёни мақомоти гумруки ду кишвар беҳтар хоҳад шуд. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбеку тоҷик дар таърихи ду кишвар барпо шавад. Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин дар ояндаи наздик метавонанд дар бораи ҷудо кардани бурсияҳои таҳсил ба донишҷӯёни ҳамдигар низ ба созиш бирасанд. Масъалаи ташкили сафари ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои якдигар низ истисно нест.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply