Путинро Трамп ба Кохи Сафед даъват карданист

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки президенти Русия Владимир Путинро ба Кохи Сафед даъват мекунад, вале на ҳоло.

Кохи Сафед рӯзи 13 июл гуфт, ки изҳороти Трамп дар ин робита ҳангоми мулоқоти ӯ бо хабарнигорон дар ҳавопаймояш дар роҳ аз Вашингтон ба Париж пахш шуд. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 13 июл бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот кард ва сипас ҳарду раиси ҷумҳур дар як нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Трамп рӯзи 12 июл дар суҳбат бо хабаргузории Reuters бори дигар гуфт, ки Путин дар мулоқоти Олмон кӯшиши дахолати Русия ба интихоботи соли гузаштаи Амрикоро рад кард.

Ба гуфтаи Трамп, баррасии ин мавзӯъ бо Путин ҳудуди 20-25 дақиқаи вақти мулоқотро фаро гирифт. Нахустин мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА дар Ҳамбурги Олмон беш аз ду соат идома ёфт. Ин мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши сарони «Бистгонаи бузург» баргузор шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply