Президенти Ӯзбекистон ба Туркия меравад

Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Президенти Ӯзбекистон дар доираи як сафари расмӣ охирҳои моҳи октябр ба Туркия меравад. Ба огаҳии сомонаи Анҷумани содиркунандаҳои мол дар Истамбул, ин сафари Мирзиёев рӯзҳои 25-27 октябр бо даъвати ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон сурат хоҳад гирифт.

Раҳбарони ду кишвар бори охир 10 сентябр дар саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқот карда буданд. Ҷонибҳо он замон рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии ду кишварро баррасӣ карданд.

Чанде пеш Мирзиёев бо имзои як қарор низоми раводид (виза) бо Туркияро соддатар кард. Шаҳрвандони Туркия аз ин ба баъд метавонанд раводиди Ӯзбекистонро бидуни даъватнома дарёфт кунанд.

Ҳаҷми табодули кунунии мол миёни Туркия ва Ӯзбекистон 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ширкатҳои бинокории Туркия то ба имрӯз дар ин кишвар 110 тарҳро ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар иҷро кардаанд. Ҳаҷми сармояи ширкатҳои туркӣ низ дар Ӯзбекистон ба 1,2 миллиард доллар мерасад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply