Назарбоев ба қирғизҳо чӣ гуфтааст?

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, Қирғизистон

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷээнбеков гуфт, кишвари вай омода аст, ки масъалаҳои пешниҳодии ҳайати Қирғизистонро баррасӣ кунад. Ҷээнбеков бо сафари расмӣ дар Алмато ҳузур дорад.

«Мо дар шароити 26 соли истиқлолият ҳамкорӣ мекунем. Ман шахсан боре ҳам нисбати Қирғизистон бад нагуфтаам ва ҳаргиз ҳеч тасмиме бар зарари Қирғизистон нагирифтаам», — гуфт Назарбоев. «Ин дуруст аст. Мо меоему меравем, аммо ду кишвар то мо буданд ва баъди мо ҳам хоҳанд монд», — афзуд вай.

Алмосбек Отамбоев, президент пешини Қирғизистон дар остонаи интихоботи президентӣ дар кишвараш роҳбарияти Қазоқистонро танқид ва ӯро дар дахолат ба умури дохилии Қирғизистон айбдор кард. Баъди чанд рӯзи ин танқидҳо Қазоқистон монеаҳои равуои марзиро сахттар кард.

Вазъи марз танҳо баъди мулоқоти Ҷээнбеков бо Назарбоев дар шаҳри Мински Белорус ба эътидол омад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply