Масъалаи сафари бевиза байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳал мешавад

Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон барои ҳалли масъалаи раводид ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нирӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд. 

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфтааст, ки ба зудӣ санад «Дар бораи равуои шаҳрвандон» имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд. Ин тавофуқ дар пайи сафари сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон ҳосил шудааст. Орипов рӯзи 10-уми январ вориди Душанбе шуда, бо Президент  Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва дар ҷаласаи кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон иштирок намуд.Ддар ин дидорҳо дар мавриди ҳаракати қаторҳои мусофирбару автобусҳо ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав дар марзи Тоҷикистону Узбекистон низ тавофуқ ҳосил шудааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки  «дар масъалаи сарҳад ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, қаламраве, ки дар он нирӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Узбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Узбекистон хидматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад. Обанбори Фарҳод дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст ва обёрии дашти Дилварзин ва низ вилояти Тошканд аз ин обанбор сурат мегирад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply