Маросими адои савганди президенти нави Қирғизистон (Видео)

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Рӯзи 24 ноябр дар Бишкек маросими адои савганди Сооронбой Жэенбеков ба ҳайси раисиҷумҳури нави Қирғизистон доир шуд. Ин нахустин мавриди интиқоли осоиштаи қудрат аз як президенти мунтахаб ба президенти дигар дар Осиёи Марказӣ аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 мебошад.

Маросими адои савганди Сооронбой Жэенбеков дар қароргоҳи давлатии «Ало-Арча” доир шуд. Дар ин маросим қаҳрамонони Қирғизистон, вакилони парлумон, аъзои ҳукумат, сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ 450 нафар ширкат карданд.

Сооронбой Жэенбеков дар суханрониаш ба раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳори сипос кард ва гуфт, бо нахустин фармонаш ба Отамбоев унвони Қаҳрамони Қирғизистон ва ордени «Оқ-Шумқор” хоҳад дод: «Имрӯз раҳбари давлат қудратро бар асоси натиҷаҳои интихоботи одилона месупорад. Алмосбек Отамбоев бо иродаи худ як фарҳанги нави сиёсиро дар кишвар ташаккул дод ва қадамҳое гузошт, ки барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи ибрат истифода хоҳад шуд. Аз номи мардум ба Алмосбек Шершенович барои кори бовиҷдонааш изҳори сипос мекунам.”

Алмосбек Отамбоев баъди адои савганди Жэенбеков гуфт, мутмаин аст, ки раҳбари ҷадиди Қирғизистон роҳи интихобкардаи кишварро идома хоҳад дод. Ӯ дар ин мақом ба раҳбари нави Қирғизистон мардонагӣ, сабр ва муваффақият орзу кард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply