Куштори дипломатҳои ИМА дар Афғонистон

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

 

Тибқи тозатарин хабарҳо, панҷ дипломати Имороти Муттаҳидаи Араб дар таркиши шоми 10 январ дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар ҳоле сурат гирифтааст, ки сафири Имороти Муттаҳидаи Араб дар Афғонистон бо шуморе аз тоҷирон ва мақомоти ин вилоят дар як меҳмонӣ дар меҳмонхонаи мақоми вилояти Қандаҳор ҳузур доштаанд. Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб кушта шудани дипломатҳои худ дар ин ҳодисаро таъйид кардаанд.Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, дар ин таркиш ҳадди ақал 11 нафар кушта шуданд, ки дар миёни онҳо Абдулалӣ Шамсӣ, муовини раиси вилояти Қандаҳор низ мебошад. Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, Ҷумъа Муҳаммад Абдуллоҳ Ал-Каъбӣ, сафири Имороти Муттаҳидаи Араб дар Афғонистон ва Азизуллоҳ Ҳумоён, раиси вилояти Қандаҳор дар ин таркиш захм бардоштаанд.Генерал Абдураззоқ, фармондеҳи амнияти Қандаҳор дар мавриди шумораи қурбониёни ин ҳодиса гуфт, ки «дар ин ҳамла 11 нафар кушта ва 12 тани дигар захмӣ шудаанд. Волии Қандаҳор ва сафири Имороти Муттаҳидаи Араб захмӣ ҳастанд ва вазъашон хуб аст. Чандин корманди сафорати Иморот ва сокинони Қандаҳор дар миёни кушташудагон мебошанд.»Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки дар ин ҳамла даст надорад.Таркиши хунбор дар шаҳри Қандаҳор дар ҳолест, ки рӯзи гузашта шаҳрҳои Кобул ва Лашкаргоҳ — маркази вилояти Ҳилманд низ, шоҳиди ҳамлаҳои хунин буданд. Тибқи иттилои мақомоти афғон, дар чанд ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳрҳои Кобул ва Лашкаргоҳ дар рӯзи сешанбеи 10 январ, ҳудуди 57 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захм бардоштаанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply