Қирғизистон аз қазоқҳо шикоят дорад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, Қирғизистон

Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов барои баррасии мушкили марзии Қирғизистон ва  Қазоқистон бо мақомоти қазоқ, вохурд. Убуру мурур дар марзи Қазоқистону Қирғизистон пас аз як суханронии тунди президент Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, мушкил шуд.

Шикояти Бишкек ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат

Ин сафари нахуствазири Қирғизистон ба Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, Бишкек ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нома ирсол карда ва аз маҳдудиятҳои шадиди эҷоднамудаи Қазоқистон ба мошинҳои борбар ва рафтуомади сокинон, шикоят кардааст.

Ба иттилои хабаргузории «Рейтерз», Қирғизистон дар нома ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат гуфтааст, ки аз ҷониби Қазоқистон дар нӯҳ маврид қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Баёнияи ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки нерӯҳои марзбонии Қазоқистон мошинҳои ҳомили бори ҷониби Қирғизистонро як-як тафтиш мекунанд ва маҳдудиятҳои марзӣ ба тиҷорат байни ду кишвар зарбаи сангин задааст.

Дафтари матбуоти нахуствазири Қирғизистон рӯзи 18-уми октябр бо нашри як баёния гуфт, ки ҳамакнун гуфтугӯҳо дар пойтахти Қазоқистон миёни ҳайати Қирғизистон ва мақомоти қазоқ идома дорад. Раҳбари бахши сиёсии кобинаи вазирони Қирғизистон Чингиз Эсенқул-уулу, ки дар ин сафар ба Остона ҳайати кишварашро ҳамроҳӣ мекунад, дар сӯҳбат  гуфтааст, ки сафари Исҳоқов дар пайи тамосҳои нахуствазирони кишварҳои Осиёи Миёна дар рӯзи 17-уми октябр, сурат гирифтааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply