Халимдаров шаҳрванди Қазоқистонро рабуду зиндонӣ шуд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, Қазоқистон, ҲУҚУҚ

Додгоҳе дар шаҳри Москваи Русия 5 декабр сардори пешини пулиси Қазон Руслан Халимдаровро 10,5 сол зиндонӣ кард. Ӯро дар рабудани одам барои сохтакории парвандаи ҷиноятии марбут ба қочоқи маводи мухаддир айбдор карданд. Се зердасти Халимдаров аз 8 то 9-солӣ зиндонӣ шуданд.

Бо дастури раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, баррасии парванда аз Тотористон ба Москва интиқол дода шуд.

Бино бар гуфтаи тафтишот, Халимдаров ҳамроҳ бо зердастонаш дар соли 2005 рабудани сокини Қазоқистонро ташкил карда, ӯро баъдан бо айбҳои сохта дар фурӯши маводи мухаддир 13 сол зиндонӣ кардаанд.

Пулиси Қазон танҳо дар соли 2013 боздошт шуд. Ибтидо ӯро дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ айбдор мекарданд. Танҳо баъди интиқоли парванда ба дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишотӣ айбномаи вай тағйир дода шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply