Эрон: Ба масъалаҳои Эрон дахолат накунед!

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф давлатҳои хориҷиро ҳушдор дод, ки аз бетартибиҳои кишвараш дастгирӣ нанамоянд.

Зариф эътирозҳои зиддиҳукуматиеро, ки ду ҳафта мешавад, дар саросари Эрон идома доранд, кори хадамоти иктишофии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА, Исроил ва Арабистони Саудӣ номид. Ӯ 8 январ дар як конфронс дар Теҳрон гуфт, «ягон кишвар наметавонад аз ҳисоби созмон додани бетартибӣ дар ҳамсояҳои худ дар амният бошад».

Хабаргузории расмии IRNA суханони Зарифро иқтибос овардааст, ки мегӯяд, «ин гуна амалҳо танҳо оқибатҳои манфӣ хоҳанд дошт».

Вашингтон иддаои Теҳронро, ки гуфт, ИМА дар эътирозҳои зиддиҳукуматии Эрон даст дорад, рад кард. Сардори Идораи марказии тафтишоти ИМА Майк Помпео 7 январ гуфт, ниҳодаш дар бетартибиҳои Эрон, ки ба гуфтаи вай, ҳанӯз ҳам идома доранд, ҳеч нақше надорад. Президенти ИМА Доналд Трамп аз тазоҳургарони эронӣ тавсиф карда, гуфт, Вашингтон омодааст, аз онҳо ҳимоят кунад.

«Ба мардуми Эрон, ки талош мекунанд, ҳукумати фасодзадаи худро ба ҷунбиш дароранд, эҳтиром қоилам. Дар рӯзҳои наздик дастгирии бузурги ИМА-ро хоҳед дид», — навишт Трамп 3 январ дар Твиттер.

Вазири хориҷии Олмон Зигмар Габриэл 7 январ гуфт, Иттиҳоди Аврупо (ИА) Зарифро дар робита ба эътирозҳои зиддиҳукуматии Эрон, ки аз 28 декабри соли гузашта инҷониб идома доранд, ба гуфтугӯ даъват хоҳад кард. Габриэл дар суҳбат бо телевизиони ZDF TV дар Берлин афзуд, ки бо раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ розӣ шуданд, ки Зарифро агар имкон дорад, ҳафтаи оянда даъват кунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply