Дар Ӯзбекистон ба қадри Шароф Рашидов мерасанд

Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

 

 6 ноябр, дар рӯзи 100-солагии Шароф Рашидов дар майдони марказии зодгоҳаш – шаҳри Ҷиззах бо ширкати президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев муҷассамаи ин раҳбари собиқи Узбекистон кушода шуд. Ин алакай дувумин муҷассамаи Рашидов аст, ки дар моҳҳои охир дар Узбекистон гузошта мешавад. Рашидов 24 сол – аз соли 1959 то 1983 раҳбари Узбекистон буд.

Президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 6 ноябр дар маросими пардабардорӣ аз ҳайкали барқади раҳбари собиқи ин ҷумҳурӣ Шароф Рашидов дар майдони марказии шаҳри Ҷиззах Рашидовро «шахсияти таърихӣ” ном бурд ва гуфт, ки ӯ дар рушди иқтисоди Узбекистон ва дар хазинаи илму фарҳанг ва адабиёти узбек саҳми бебаҳо гузоштааст.

Мирзиёев гуфт, Шароф Рашидов тамоми умри худро сарфи хидмат ба мардум кард ва бояд мардум ва давлати Узбекистон ба хидматҳои ӯ имрӯз арҷ бигузоранд.

Ҳайкали Шароф Рашидовро дар майдони марказии Ҷиззах Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо духтари марҳум Сайёра Рашидова пардабардорӣ карданд.

Шароф Рашидов аз соли 1959 то 1983 тайи 24 сол раҳбари аввали Узбекистон он замон ҳанӯз тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Аммо баъди даргузашти Рашидов номи ӯ дар даврони бозсозии Михаил Горбачёв дар робита ба парвандаи машҳури изофанависии пахта дар Узбекистон сиёҳ шуд. Дар даврони Ислом Каримов низ Рашидов ба боди фаромӯшӣ супурда шуда буд.

Вале баъди даргузашти Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки мисли Рашидов зодаи Ҷиззах аст, муносибат ба мероси Шароф Рашидов дар Узбекистон тағйир ёфт. Ҳукумати Узбекистон 27 марти соли ҷорӣ қарори вижаеро бо номи «Дар бораи таҷлили 100-солагии ходими барҷастаи давлатӣ ва нависанда Шароф Рашидов” қабул кард, ки бунёди маҷтамаи ёдгории Шароф Рашидов дар Тошканд ва гузоштани ҳайкалҳои ӯ дар Тошканд ва зодгоҳаш – шаҳри Ҷиззахро дар бар мегирифт.

Нимпайкараи Шароф Рашидов дар Тошканд моҳи июли соли ҷорӣ пардабардорӣ шуд.

Шароф Рашидов як рӯз қабл аз инқилоби Октябр – 6 ноябри соли 1917 дар Ҷиззах дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1935 техникуми омӯзгории Ҷиззах, соли 1941 риштаи филологияи Донишгоҳи давлатии Узбекистонро дар Тошканд ва соли 1948 бахши ғоибонаи Мактаби ҳизби коммунист (ВПШ)-ро дар Маскав хатм кардааст.

Шароф Рашидов солҳои 1935-1937 омӯзгори мактаб, солҳои 1937-1941 котиби масъул, муовини сардабир ва сипас сардабири нашрияи вилоятии Самарқанд – «Ленин йӯлӣ” буд. Солҳои 1941-1942 дар Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат карда, баъди ҷароҳати вазнин бардоштанаш соли 1943 аз хидмати ҳарбӣ ҷавоб дода шуд ва баъди бозгашт аз ҷанг боз ду соли дигар дар мақоми сардабири «Ленин йӯлӣ” кор кард.

Рашидов солҳои 1944-1947 котиби кумиӣаи вилоятии ҳизби коммунисти Самарқанд ва солҳои 1947-1949 сардабиири «Қизил Узбекистон” – нашрияи асосии ҳизби коммунист ва ҳукумати Узбекистон буд. Соли 1949 Шароф Рашидов раиси Иттифоқи нависандагони Узбекистон ва соли 1950 раиси Президиуми Шӯрои олии ин ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Моҳи марти соли 1959 Шароф Рашидов ба мақоми котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Узбекистон расид ва то дами маргаш дар таърихи 31 октябри соли 1983 раҳбари аввали ин пураҳолитарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва номзад ба узвияти Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Шароф Рашидов ду дафъа сазовори унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 10 ордени Ленин ва даҳҳо ордену медали дигар шудааст.

Шароф Рашидов нависандагӣ ҳам мекард ва муаллифи чандин роман, ба мисли «Ғазаби ман”, романи сегонаи «Ғолибон”, «Тӯфонҳои бузург”, «Камолот”, «Суруди Кашмир”, «Мавҷи тавоно”, «Ҳукми таърих” мебошад, ки дар замони Шӯравӣ дар 5 ҷилд чоп шудаанд. Соли 1978 таронаи «Влюбился я” бар пояи шеъри Шароф Рашидов ва оҳанги Пӯлод Булбул-уғлӣ ҳатто дар озмуни «Песня-78” соҳиби ҷоиза шуда буд. Вале баъди даргузашти Рашидов бархе мунаққидон навиштанд, ки ин асарҳоро дар асл на худи ӯ, балки аз номаш дигарон менавиштанд.

Иллати расмии марги Рашидов дар соли 1983 сактаи қалб гуфта мешуд, вале то кунун сарусадоҳое вуҷуд доранд, ки Рашидов ба далели иҷро нашудани нақшаи пахтаи Узбекистон аз ҷониби раҳбари вақти Шӯравӣ Юрий Андропов танқиди саъте шунида, худкушӣ кардааст.

Соли 1984, баъди даргузашти Шароф Рашидов, як гурӯҳи махсуси Додситонии кулли СССР ба Узбекистон омада, садҳо тан аз раҳбарони баландпояи ин ҷумҳуриро ба далели изофанависҳо дар ҳосили пахта ба ҳабс гирифт. Маълум шуд, 6 миллион тонна ҳосили солонаи пахта – мояи асосии ифтихори Рашидов ва Узбекистон дар он даврон – аз ҳаво гирифта шудааст.

Аз нигоҳи имрӯз бисёриҳо нақши Шароф Рашидовро дар таъмини рушди Узбекистон дар даврони Шӯравӣ хеле бузург мешуморанд. Рашидов назар ба ҳамаи раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ дар Маскав нуфузи бештар дошт ва бо истифода аз ин нуфуз тавонист маҷрои сармоягузориҳои асосии Маскав ба минтақаро ба тарафи Узбекистон гардонад. Дар натиҷа, аксари корхонаҳои бузург дар Узбекистон сохта мешуданд, идораи тақрибан ҳамаи барномаҳои муҳими минтақавӣ дар Тошканд буд ва маблағҳояш низ асосан ба Узбекистон сарф мешуд.

Дар муқоиса бо Шароф Рашидов, раҳбари вақти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, барои мисол, аз чунин нуфузе бар Маскав бархӯрдор набуд ва ба ин далел, чизҳое, ки аз дастурхони Маскав ба Тоҷикистон мерасид, маъмулан «нонреза”-ҳое буд, ки аз Узбекистон зиёдатӣ мекард.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply