Дар Сурия чархболи Руссия суқут кард

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Вазорати дифои Русия аз суқути чархболи ҳарбии кишвар дар Сурия хабар дод

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар наздикии фурудгоҳи Ҳомаи Сурия чархболи низомии Русия МИ-24 ба садама дучор гардид.

Чархбол дар натиҷаи нишасти ноҷӯр суқут кардааст, ки дар пайи ин ду халабон ба ҳалокат расидаанд. Як тани дигар аз сарнишинони чархбол ҷароҳати вазнин бардошта, фавран ба бемористон интиқол дода шудааст.

Ин фоҷиа шаби 31-уми декабр рух дода, дар бораи ҳодиса пас аз се рӯз маълумоти муфассал пайдо шуд. Низомиёни Русия далели суқути чархболро сабабҳои техникӣ номиданд.

Read more:


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply