Дар с. 2021 равуо ба Ӯзбекистон бе виза мешавад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нашри як фармон санаи бекор кардани равуои бе визаро барои шаҳрвандони 27 кишвар, ки қарор буд, 1 апрели соли 2017 ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузоштааст.

Ибтидои моҳи декабри соли гузашта Мирзиеёв қароре қабул кард, ки тибқи он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе виза то 30 рӯз дар Ӯзбекистон бимонанд. Мирзиёев ба вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дода буд, то барои амалӣ кардани қарори мазкур омодагӣ бинанд.

Қарори ба таъхир гузоштани равуои бе виза бо ҳадафи «рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ ва таъсиси пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва сиҳатии шаҳрвандони хориҷӣ», инчунин «рушди баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ» унвон шудааст.

Дар матни қарори президенти Ӯзбекистон омадааст, ки тасмими ба таъхир гузоштани равуои бидуни визаро мақомоти дахлдор гирифтаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply