Бародари президентро ҳабс карданд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҳусейн Ферейдун – бародари хурдии президенти  Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Қувваи қазоияи Эрон гуфт, бародари президент  пули гаравро супурда натавонист ва рӯзи 15 июл ба зиндон андохта шуд.

Ғуломҳусейн Мӯҳсинӣ Эҷеӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи 16 июл дар нишасти хабариаш гуфт, Ҳусейн Ферейдун – бародари Ҳасани Рӯҳонӣ бо иттиҳомоти молӣ ба зиндон андохта шуд.

Ҳусейн Ферейдун Рӯҳонӣ аз ҷумлаи дипломатҳои аршади Эрон аст, ки дар музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва муомилаи соли 2015 дар заминаи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон ширкат дошт.

Мӯҳсинии Эҷеӣ гуфт, ки ба зидди бародари президент «як силсила таҳқиқот анҷом шуда, дар чаҳорчӯби он афроди зиёде таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтанд ва як иддаи онҳо зиндонӣ шудаанд.”

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон афзуд, ки рӯзи 15 июл барои Ҳусейн Ферейдун пули гарав муқаррар карданд, вале «азбаски ӯ натавонист пули гаравро бисупорад, ба зиндон андохта шуд.” Мӯҳсинии Эҷеӣ афзуд, ки бародари президент  ба муҷарради супурдани пули гарав метавонад шартан аз ҳабс озод шавад.

Дар интихоботи моҳи майи президентии  Эрон рақибони Ҳасани Рӯҳонӣ аз ҷиноҳи тундравҳо қартаи тахаллуфоти молии бародари президентро , ки аз мушовирони аршади Рӯҳонии мӯътадилгаро низ ба шумор меравад, фаровон ба бозӣ кашида, таҳқиқи аъмоли ӯро аз қувваи қазоия талаб карда буданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки исми хонаводагиашро чандин сол қабл аз Ферейдун ба Рӯҳонӣ иваз кардааст, бо вуҷуди интиқодҳои шадиди рақибонаш тавонист дар интихобот баранда шуда, ба даври дуюми раёсат даст биёбад.
Намояндагони ҷиноҳи тундравҳо дер боз Ҳусейн Ферейдунро ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фасод айбдор мекунанд. Бино ба хабарҳо, номи ӯро аз ҷумла ба ҷанҷоли маошҳои хеле баланди раҳбарони ширкатҳои суғуртаи давлатӣ рабт медоданд.

Дар моҳи январ як гурӯҳи вакилони муҳофизакори парлумони Эрон хостори ба додгоҳ кашондани Ҳусейн Ферейдун барои ҷиноятҳои иқтисодӣ шуданд, вале тарафдорони президент Рӯҳонӣ ин талабро сиёсӣ унвон карданд.

Бисёре аз тундравҳои Эрон, ки ба қувваи қазоияи ин кишвар нуфузи зиёд доранд, аз муомилаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои Ғарб, ки дар ноил шудан ба он Ҳусейн Ферейдун низ нақш дошт, норозӣ боқӣ мемонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки Эрон дар ивази гузашти зиёд аз ин муомила бурди чандоне ба даст наовардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply