Вохӯрии Расулзода бо Мирзиёев дар Тошканд

Сиёсат, Слайдер, Узбекистон

Президенти  Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи нишасти сарвазирони СНГ дар Тошканд дар як мулоқоти алоҳида бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои Тошканду Душанберо баррасӣ кардааст. Ин мулоқот дар пешорӯи сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон доир шуд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки президенти  ин ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кардааст. Расулзода ба хотири ширкат дар нишасти сарвазирони СНГ ба Тошканд сафар карда буд ва мулоқоти ӯ бо Мирзиёев дар ҳошияи ин нишаст доир шуд.

Дафтари матбуоти Мирзиёев гуфт, дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон дар бораи таваҷҷӯҳи тарафайн ба рушди созандаву пурмаҳсули ҳамкории ду кишвари ҳамсоя сӯҳбат шудааст ва аз ҷумла Мирзиёев ба аҳамияти истифодаи муассири зарфиятҳои комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳо барои пеш бурдани нақшаҳову барномаҳои мушаххас байни Узбекистон ва Тоҷикистон таъкид кардааст.

Қоҳир Расулзода ба Шавкат Мирзиёев таманниёти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонда, барои истиқболи гармаш дар Тошканд изҳори сипос кардааст.

Мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо Қоҳир Расулзода дар ҳоле доир шуд, ки ахиран Тошканд дар бораи омодагии Мирзиёев барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон хабар дод. Мирзиёев, ки як сол пеш ба мақоми раҳбари аввали Узбекистон расид, алакай ба се кишвари дигари минтақа – Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон сафарҳои расмӣ анҷом додааст ва дар ин байн танҳо Тоҷикистон мондааст.

Владимир Норов, мудири Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии президенти Узбекистон дар як мақолааш навишт, баъди боздид аз 3 кишвари дигари Осиёи Марказӣ навбати сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон низ фаро расидааст ва ин сафарро алакай омода карда истодаанд: «Гуфтанист, ки раҳбари Узбекистон дар моҳҳои охир алакай чандин бор бо раҳбарони ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мулоқотҳои расмиву ғайрирасмӣ ва корӣ анҷом дод. Аз Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид кард. Ҳоло сафараш ба Тоҷикистон омода карда мешавад. Кишвар ба сурати умум мехоҳад ҳамин масирро ба манфиати халқҳои кишварҳои «панҷгонаи Осиёи Марказӣ” дунбол кунад. Танҳо бо талошҳои муштарак дар заминаи ба назар гирифтани манфиатҳои муштрак метавон шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодиро фароҳам оварда, мушкилоти байни давлатҳо дар минтақаро билохира ҳал кунем ва ба чолишҳову таҳдидҳои муосир ба таври муассир муқобилият кунем.”

Владимир Норов барои таъкиди пойбандии Узбекистон барои ҳалли мушкилоти ҳалношуда дар равобиташ бо кишварҳои минтақа ва интихоби як масири комилан нави ҳамкорӣ бо ин кишвар аз суханронии моҳи сентябри Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк иқтибос овардааст, ки гуфта буд: «Осиёи Марказии осоишта ва аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта – мақсади муҳимтарин ва вазифаи калидии мост. Мо ба гузаштҳои қобили қабул бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни истисно, дар тамоми масоил омодаем.”

Президенти қаблии Узбекистон Ислом Каримов, ки аз соли 1989 то дами маргаш дар моҳи сентябри соли 2016 бар Узбекистон бо панҷаҳои оҳанин раҳбарӣ кард, равобити Тошканд бо ҳамсояҳояш дар минтақаро гаравгони нуфузталабиҳои шахсии худ карда буд. Каримов, ки мехост дар Осиёи Марказӣ сози аввалро ӯ бизанад ва президентҳои дигар аз хатти кашидааш берун пой наниҳанд, дар ниҳоят муносибатҳои Узбекистон бо ҳамаи 4 кишвари дигари минтақаро бад кард ва Узбекистонро дар инзивоъ қарор дод.

Асароти ин сиёсати Узбекистон бахусус барои Тоҷикистон хеле маҳсус буд. Каримов марзҳои Узбекистон бо Тоҷикистонро минакорӣ кард, режими виза ҷорӣ кард, интиқоли барқ ва сипас газ ба Тоҷикистонро қатъ кард, ягона роҳи оҳан ба вилояти Хатлонро барчид, дар роҳи транзити молу маҳсулот ба Тоҷикистон мониаҳои нав ба нав меофарид ва шадидан мухолифи сохтани нирӯгоҳҳои бузург дар дарёҳои Тоҷикистон буд.

Шавкат Мирзиёев ба фарқ аз Каримов билофосила баъди расидан ба мақом роҳи оштӣ бо ҳамсояҳоро пеш гирифт.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply