Мирзиёев ба Қазоқистон меравад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА

 Рузи 9-10 сентябр Шавкат Мирзёеев бо даъвати ҳамкори қазоқаш Нурсултон Назарбоев ба Қазоқистон сафар мекунад ва дар Нахустин саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар умури илму технология ширкат меварзад.

Саммит таҳти шиори «Илм, технология, навоварӣ ва муосиргардонӣ дар Ҷаҳони ислом» ба маросими пӯшидашавии намоишгоҳи байналхалқии EXPO-2017 дар Остона мувофиқ меояд.

Шавкат Мирзиёев дар маросими пӯшидашавии EXPO-2017 иштирок мекунад ва чанд мулоқоти дуҷониба низ бо ҳайатҳои хориҷӣ анҷом медиҳад.

Бори нахуст, Мирзоев ба ҳайси президент моҳи марти соли ҷорӣ ба Қазоқистон рафта чанд санади ҳамкориро ба имзо расонида буд.

Раҳбари Узбакистон ҳамчунин 29 апрели соли ҷорӣ ба вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ рафта, бо Нурсултон Назарбоев мулоқоти корӣ анҷом дод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply