Зиннат Нур — Афғонистон

Хубони порсигӯ

Сарзамини муқаддас…

Аз ту шурӯъ шудаам,

Мисли як шеъри ошиқона.

Бурида-бурида нафас мекашам,

Пероҳани сурх мепўшам.

Аз ту шурӯъ шудаам,

Мисли як шеъри ошиқона,

Бурида-бурида нафас мекашам,

Пероҳани сурх мепўшам.

Ва мегузорам гӯшаҳои доманам дар бод бирақсад,

Ту ҳам оташе барпо кун,

Дар саҳни ҷангали тани мо,

То бо садои пурҳаяҷони парандагони тапанда

ба даври оташ,

Бумӣ  бирақсем.

Дур аз чашми гитарҳои овехта бар девор,

Ва муҷассамаҳои рӯйи миз дар утоқи хоб,

Ман ин замини нармро,

Бештар аз тахти хоби дунафара дӯст дорам.

***

Фақат худамро …

Сафҳаи тозае аз худам мекушоям,

Сафедтар аз кафи дастони бехати хуршед,

Шурӯъ мекунам ба сиёҳ карданам,

Аз оғози хокистар то поёни қири ҷода.

Аз сафолҳое, ки рехтем,

Ва тундрав нашуд.

Аз қаторҳое, ки мусофире надоштанд,

Аз истгоҳҳое, ки роҳ мерафтанд дар парадокси маънӣ.

Ва девона савор мекарданд дар кобини бӯса,

Аз ҷуфтҳое, ки мебуриданд аз ҳам,

Дар нимароҳ аз мусофирҳое, ки намерасиданд,

Ва пиёда мешуданд.

Шурӯъ мекунам ба сиёҳ карданам,

Аз вожаҳои садои ту, ки карам мекард дар шеър.

Ва нигоҳи номаръӣ, ки пӯстамро кашида буд аз сарам,

Аз ҳама мозиҳое, ки ҳастатро «буд» мекард.

Ва девона мешудӣ дар истимрори мудовими такрораш аз даҳанам,

Шурӯъ мекунам аз пероҳани обӣ, ки шонаҳоямро бӯса намезад.

Ба шарфаи дастонат рӯйи пӯсти хушки суратак,

Аз шабҳое, ки хоб мешудӣ бо ман дар хоб,

Аз шеърҳое, ки менавиштем,

Дур аз ҷуғрофиёи матруки нафасҳомон.

Аз садои хандаҳои худам,

Ки баргашта буданд ба даҳани зиндагӣ.

Аз зиндагӣ, ки дар маоди баъдияш «ман» мешуд,

Аммо на, бояд нотамом бимонад.

Бояд мучолаам кунанд инҳо,

Ман нестам, туӣ!

Дубора менависам,

Худамро…, фақат худамро.

زینت نور- افغانستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply