Заҳро Сувар Исрофил — Афғонистон

Хубони порсигӯ

Имон ва зиндагӣ…

Маро бибӯс то даҳонат,

Муқаддастарин санге шавад,

Ки ҳуриён тавоф мекунанд.

Дар мамнўъҳои танам қадам бизан,

Исён рӯйи дигар имон аст.

Имон рӯйи дигаре аз зиндагӣ,

Ки аз тани зан шурӯъ мешавад.

Шак кун ба қиссаи одам,

Таърих ҳазоронсолаатро нигоҳ кун.

Паёмбарони кинатўзона,

Ба душманиам бархостаанд.

Паёмбарони фитнагари ҳаволии мо аст,

Тамошоям кун,

Шаҳодат бидеҳ,

Зан рухи дигари имон ва зиндагӣ аст.

***

 Шароби чашм

Роҳи хонаатро, ки балад шудам,

Роҳи дигаре бароям намонд.

Ҷуз ин ки рӯзҳоро ба оғӯш бигирам,

Ва шабҳо бо ситораҳои тозае,

Ошно шавам,

Маст шавам.

Аз калимоте, ки миёни лабҳои ту ҷон мегирад.

Аз сафеда дамҳое, ки миёни ҳалқаи бозувони ту,

Бедор мешавам.

Аз ҷараёни ҳавои тоза,

Дар рияҳои мунбасити умр.

Марди соддаи шарқӣ,

Ман аз шароби чашмҳои ту маст мешавам.

***

 Мўҳоям

Ба мўҳоям даст мезанӣ,

Назми ҷаҳон барҳам мехӯрад.

То аз сарангуштҳои ту,

Ва мӯйҳои зане, ки қисса нест,

Хаёл нест.

Ҷаҳоне дигар бино шавад,

Ба мўҳоям даст бикаш.

Бигзор ба дарди мафосили ҷаҳон,

Нуқтаи поён бигзорем.

زهرا صور اسرافیل- افغانستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply