Суҳайло Садиқ — Эрон

Хубони порсигӯ

Саҳар  

Эй шабзадагон, нафҳаи субҳу саҳар омад,

Бедор, кунун умри сиёҳӣ ба сар омад.

Дерест, ки гесуи сиёҳи шаби ялдо,

Аз сурати моҳи дайи ман то камар омад.

Вақт аст, ки сар барзанад аз машриқи ҷонам,

Он ёри тилопӯш, ки зулфаш бадар омад.

Ин чархиши гетист, на тасвири табоҳӣ,

Дил бад нанигар к-аз пайи боби писар омад.

Сармо гузарон аст ба сари шоха назар кун,

Гӯ ҳилҳила кун, боз баҳори дигар омад.

Ёд ор аз он донаи бинҳуфтаи хомӯш,

К-аз пардаи хоки сияҳаш сар бадар омад.

Афрӯхта дор оташи гармои вуҷудат,

Шояд, ки шабе ҳезуми умрат ҳадар омад.

Шаб қиссаи Ширин ба дили ғамзада хондам,

Хоби хуши ӯ гарчӣ ба вақти саҳар омад.

Ин қисса, ки хондам зи аташнокии ҷон аст,

Садиқ ба ғавғои ҷаҳон бе сипар омад.

***

Ғавғо  

Дар танам маъвои ҷон танг асту сард,

Мефишорад синаро ғавғои дард.

Ашки ҷўшон роҳро бар дида баст,

Буғз тӯфонӣ шуду дарҳам шикаст.

Боди пойизӣ чу ханҷар пардаи рӯҳам дарид,

Барқи борони баҳорӣ чанг бар ҷонам кашид.

Гоҳ ғавғои диламро ашк ифшо мекунад,

Чашм аз савдои ин дил боз парво мекунад.

Носеҳи қалбам забонамро, ки расво мекунад,

Бо сукути сарду ваҳшӣ боз ҳошо мекунад.

Оҳ аз ин оташфишон, ин кӯҳи дард,

Гашта пинҳон зери болопӯши сард.

То ба кай дорам тавон ромаш кунам,

Ё ба як афсона дар хобаш кунам.

Оқибат рӯзе шарори сина сар бар мезанад,

Бар азои даври асрат теғ бар сар мезанад.

Он замон чашму дилу ҷону забон,

Як садо гӯянд, сад сирри ниҳон.

***

 Ҷунуни сурх

Шури  Ширин дар сарам гум гашта, вовайлои ман,

Он ҷунуни сурх пажмурдаст, ку Лайлои ман.

Моҳии гумкардароҳам, хонаи қалбам хамўш,

Бенафас гаштам ба мурдобе, ку дарёи ман.

Ҳам кунун чун ҳасрати дирӯз меозорадам,

Чун кунам бо ин кунуни тира дар фардои ман.

Дар шаби қадре ба ғафлат хоби манро даррабуд,

То саҳар арши муалло буд дар рӯъёи ман.

Ман, ки мадҳуши саройи ёр будам, эй аҷаб,

Ҷуз навои най намеомад бурун аз нойи ман.

Хиҷлат аз вогуфтани ҳоҷат маро хомӯш кард,

Ӯ, ки медонист ғавғои дили шайдои ман.

Дар табу тоби накӯҳишҳои худ гум шуд дилам,

Кай дили ғофил фурӯ мондӣ ту аз савдои ман.

Дар шабе, ку инчунин халқанд дар ҷўшу хурӯш,

Ту ҷудо мондӣ зи чора, вой бар ғамҳои ман.

Корвони лутфу бахшиш рафту ту вомондаӣ,

Эй дареғо мурғаки бесарпаноҳам, вой бар маъвои ман.

Дар сафири ноумедӣ бонги довудӣ бихост:

Ҳар шабе қадр аст бар хони ту аз фаҳвои ман.

***

Бўса бар моҳ

Дарёи бе мавҷ,

Дарёи бе авҷ.

Дарёи ба гил нишаста,

Бо чашмони абрӣ, ба заврақи шикаста,

Ҳайратолуда менигарад.

Ва париёни дарёии ошуфтагесу,

Ба ёд меоваранд,

Мавҷро, ки пилкони моҳ буд.

Ва моҳиёнро,

Ки савор бар ситеғи мавҷҳо,

Бар рухи моҳ бӯса мезаданд,

Дарё! Ку мавҷат?

Ку авҷат?

سهیلا صدیق — ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply