Самиро Сулаймони Мутлақ — Эрон

Хубони порсигӯ

Иштибоҳ

Бале, дуруст аст,

Шоири ин шеърҳо худам ҳастам,

Ва ин ҳам имзои ман аст.

Аммо ин хонум, ки дар ин акс,

Дастонашро ҳалқа карда даври гардани шумо,

Ман  нестам.

Иштибоҳи гирифтед, оқо,

Ман аслан мӯҳоям шаробӣ набуда,

Ҳеҷ вақт линзи сабз надоштам.

Ва ин кифи дастии қирмиз,

Ҳаргиз мутааллиқ ба ман набудааст.

Ҳатман иштибоҳе рух дода,

Ва як нафар аз мо дар ин акс худаш нест.

***

 Орзу

Бозӣ балад набудам,

Ҳавосам ба хиштҳо буд,

Ки дуруст бичинамашон.

То хонае шавад,

Бо ду панҷара,

Яке рӯ ба Шарқ,

Яке рӯ ба Ҷануб.

То на ту,

Дилтанг шавӣ,

На ман.

Ҳанӯз ҳавосам ба хонааст,

Ба боғчааш,

Ки дарахти тут бикорам ё булут?

Ба ин фикр мекунам,

Чӣ тавр хастагиро,

Аз шонаҳоят битаконам, ки…

Дасти охир,

Ба шонаам мезанӣ.

Ҳавосам бармегардад,

Чӣ қадар шодӣ,

Чӣ қадар ханда ба суратат меояд.

Меистӣ,

” Бурдан” шаклатро иваз мекунад,

Баъд бо чамадонҳоят дур мешавӣ.

Пилк мезанам,

Дуртар мешавӣ,

Ва бо ҳар қадамат,

Хиштҳо,

Яке-яке,

Аз дастам меафтанд.

سمیرا سلیمانی مطلق — ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply