Нозӣ Карим- Афғонистон

Хубони порсигӯ

Туҳӣ

Нигоҳ мекунам,

Ба чавкии муқобили миз.

Ба бодбезани дар сақф,

Ва яккакабутари сафед.

Миёни улоғҳо,

Нигоҳ мекунам,

Ба дарвозабони канори дар,

Ба омӯзгор дар синф.

Ба донишомӯзаш рӯйи нимкат,

Нигоҳ мекунам,

Ба канори худ,

Ба рост, ба чап, боз ба рост.

Ба осмон,

Ба чаҳор буъди туҳӣ.

Ин ҷо канори ман,

Дар синаи ман,

Дар синаи ман,

Дар синаи ман,

Ҷойи ту ҳанӯз туҳист.

***

 Борон  

Борон меборад,

Ва сабзаҳо рӯйидааст.

Паранда ба осмон,

Ва ба панҷара.

Ба панҷара ва борон,

Ба болҳояш ва панҷара,

Ба осмон,

Ба гулҳо фикр мекард.

Бӯйи баҳор мерасид,

Атри шукуфаҳо,

Паранда ҳамчунон нигоҳ мекард.

Аммо ин бор на ба панҷара,

На ба болҳояш,

Балки ба кӯҳҳои дур,

Ба рангинкамони баъд аз борон,

Муддате нигоҳ кард.

Осмон сурхтар шуд,

Ва шаб фаро расид.

Аммо паранда ҳамин тавр нигоҳ мекард,

Хомӯшу сокит,

Нигоҳ мекард,

Боронро,

Осмонро,

Болҳояшро,

Ва панҷараро.

نازی کریم — افغانستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply