Мастона Додгар «Моҳвар»- Эрон

Хубони порсигӯ

Дар соя…

Солҳост,

Ниҳоли танҳоиям,

Зери сояи хорҳо,

Қад мекашад,

Реша медиҳад.

Ва касе намедонад,

Парвонае ҳар рӯз,

Атри танамро,

Ба маъшуқаи гӯштхораш,

Ҳадя медиҳад.

Солҳост,

Сояи дардҳоям,

Бар сари моҳиён меафтад.

Бар асорати осмон дар ҳавзи хона,

Бар ҳақорати шоҳзодаи марворид,

Дар хоби сайёдон.

Солҳост,

Дар пошўяи гарми чашмонам,

Ҷанозаи мардеро мешўянд,

Ки тоҷе аз тулӯъро,

Дар оинаи утоқам ҷо гузошт,

Ва касе намедонад.

Он ки бар сари саҷҷодаи ман,

Намоз мехонад,

Шонздаҳсолагии ман аст,

Ки аз тавофи охирин радди пояш,

Маъшуқавору мутаҳҳайир баргаштааст.

Солҳост зане нимамурдаам,

Ки дар ҳавошии ин мурдоб,

Шеъри талхамро,

Бо ҷуръаи ҳарос сар мекашам.

***

Нозанин

Ҳар субҳ,

Аз иртифоъи бовари модарам,

Суқут мекунам!

Ин ҷо,

Зане истода,

Ки ҳаргиз дар пӯсти булуғаш,

Давом наоварад.

Ва ҳар шаб,

Як паёмаки холӣ,

Ба сарбанди сиёҳи қабилааш,

Ирсол мекунад!

Ин ҷо,

Зане истода,

Ки ҳар субҳ,

Бар пушти тамоми кӯдакиаш мепарад.

То ин бор,

Аз сар-сараи пури издиҳоми омолаш,

Танҳо худаш боло равад!

Ин ҷо зане истода,

Ки ҳар рӯз

Дар гиҷгоҳи наҷибонаи сукуташ,

Бар марде муҷарраду ношинос,

Салом медиҳад.

То қалбаш,

Таъми боронро,

Ҳаргиз фаромӯш накунад.

***

 Паргор  

Рӯйи ин дақоиқ,

Беҳуда нишастаем.

Бовар кун,

Ҳеҷ паргоре,

Ҷуръати кашидани соати ҷудоимонро,

Надорад.

***

 Лабханд  

Дубора омадӣ,

Пилаи танги ҳофизаам,

Соида шуд.

Бар гӯшаи лабонат,

Ман аз ҳамин ҳоло парвонаам,

Парвонаам.

***

Ташна   

Бо ман бош,

Пеш аз он ки иштиҳои кӯдаки муосирам,

Аз ахбори пурошўби чашмонат,

Кӯр шавад!

***

 Оғўшта  

Андӯҳи маро,

Ба қутбнамои қалбат бисупор,

Ин бор,

Бо қатори ҷануб намеоям,

Маро дар борони шимол ҷустуҷӯ кун!

***

 Ноз…

Дар сарзамини лабонат,

Ҷашне ба по кунам,

Ки мардумонаш,

То абад,

Аз атри номаҳои саркушодаам,

Маст бимонанд.

مستانه دادگر «ماهور»- ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply