Марзия Оқоризоӣ — Эрон

Хубони порсигӯ

Тамомрангӣ

Чашмҳоятро бибанд,

Ва фикр кун ҳамин ҷо ки такя надодаем.

Девор буда,

Ва фикр кун,

Ба бозиҳомон,

Утоқро бо чодар нисф кун.

Чодарро бо ҳамсояи боло нисф кун,

Ва саъй кун барои дурбинҳо,

Даст такон бидиҳӣ,

Ва саъй кун дастҳоятро,

Аз даҳони сагҳои зиндаёб бигирӣ.

Ва барои дурбинҳо такон бидиҳӣ,

Забон бикаш,

Забон бикаш рӯйи ин рӯз, ки барфҳояш об намешаванд.

Партоб кун муштҳоятро пур аз гулӯла,

Фаввора зада хуни сафедиҳоро мепӯшонад.

Сиёҳиҳоро,

Ту забонатро бикаш,

Доғ!

Зери ин бомбаҳо, ки аз осмон мерезанд,

Доғ!

Зери ин чодар,

Рӯйи андоми фармондеҳ,

Чашмҳоятро набанд.

Сарморо дар ҷайбҳоят бигузор,

Воқеиятро дар ҷайбҳоят бигузор.

Ҷайбҳоятро дар дастҳои сарбозон,

Ки холӣ намешаванд.

Бигзор хонаро бардоранд,

Ҳама чизро бардор,

Арӯсакҳои хоки пероҳани суратӣ,

Лабҳои суратиатро бардор.

Ва аз пушти ин комюн поин биандоз,

Бачагиатро поин биандоз.

Воқеият чизи дигарест,

Ки радди ашкҳоят,

Шӯр,

Сиёҳ,

То зери гардан,

Зул бизанӣ,

Ба як нуқта,

Зул бизанӣ.

Он қадар, ки он мард хушаш биёяд,

Дурбинашро бичарханад.

Сарбозҳоро ақиб бизанад,

Ва моро аз пушти чанд инҷ бештар,

Тамомрангӣ,

Нишон бидиҳад.

مرضیه آقارضایی — ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply