Макнуна – Тоҷикистон

Хубони порсигӯ

Нозанин

Бо дили содаи худ ман зи вафо мемирам,
Сари дуроҳаи қисмат ба ҷафо мемирам.
Ба қиёмат бигирам назди Худо домани ту,
Қасди хунсардии ту ҳамчу ҷазо мемирам.
Қимати ишқ агар додани ҷон асту халос,
Дар ғами ишқи ту аз сидқу сафо мемирам.
Нигаронам, ки бигӯи сухане лек афсус,
Дар сукути беҷавобат бесадо мемирам.
Тарафи хонаи ту қиблаи ишқаст маро,
Рӯ ба ин Каъба ба даргоҳи Худо мемирам.
Гули сурхам, ки харидори зиёдест маро,
Лек дармонда ба ишқат бедаво мемирам.
Агарам нест дигар роҳат аз ин дард маро,
Сари чорсӯи муҳаббат бенаво мемирам.

مکنونه- تاجیکستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply