Маҳшид Раҷоӣ — Эрон

Хубони порсигӯ

Танҳоӣ

 Мо қарори борон доштем,

Бо абре, ки дарак биборанд.

Қарори гул ё пуч,

Бо муштҳои пур аз ситора.

Қарори парвози ҳамеша ҷорӣ,

Бо давлати шеър.

Қарори фоиқ омадан бар ҳақиқати сояҳо,

Ҳуруфи ҷаҳони ҳақиқӣ, вале

Қарори парвози калоғ дорад ва шаб,

Бо бероҳаи бе убур,

Ҳоло фарз кун моро,

Ки гӯш шудаем ба шунидани набзе,

Чунон мурда, ки гӯйӣ ҳеҷ вақт,

Зинда набудааст.

 ***

 Бегона

Бар ҳошияи асре хомӯш,

Гиҷ ва гум.

Шеърро аз дастоне талаб мекунӣ,

Ки дар гарави кушудани панҷара,

Васиқа шудаанд.

Бе он ки бидонӣ хуршед,

Пушти пилкҳои баста эъдом шудааст.

Бар ҳошияи асре хомӯш,

Дар жарфи оина,

Танҳо қафас аст, ки инъикос меёбад.

Қафасе, ки дар он,

Ҳам бояд аз дузд тарсид,

Ва ҳам аз полис.

Бар ҳошияи асре хомӯш,

Гиҷ ва гум …

مهشید رجایی — ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply