Лайло Содиқӣ — Эрон

Хубони порсигӯ

Растохез…

 Дармондагиам аз гулест,

 Ки мемонад дар ман.

 Дар ман бимону дарбимон ва дармондаи ман аз дармон.

 Забон дар қафо номи гулест,

 Нофармон,

Ки забонашро мекашанд аз қафо,

 Барои ин ки биравад дар хоке, ки мегӯянд.

 Гӯйӣ намешунавам,

 Ва чавгон мешавӣ, ки бигӯям,

 Мешавад аз дарахт ёд гирифт париданро.

 Намегӯям, ки забон дар қафоям мемонаду дармемонад,

 Вақте ки паррандае тухм мегузорад,

 Дар аъмоқи чизе шабеҳи касе, ки меояд,

 Чӣ мешавад агар, ки меояд...

 Касе шабеҳи ин ки намеояд.

 Боз, ки тамом мешавад ин ҷуғрофия дар марзҳое, ки фосила,

 Дар марзи мураббаъҳое, ки мардумаш аз решаи марг меоянд,

 Кош намеоянд.

 Ва кӯдаке, ки барои рӯзи мабодо чӣ қадар кӯчак аст,

 Дар мазореъе, ки мегузаранд,

 Аз панҷараи қаторе, ки раҳм намекунад ба мондан.

 Барои донае, ки ҳазор бор мемирад зиндаам,

 Аз ин лабҳое, ки шохашоха боз мешаванд.

 Ва аноре, ки донаҳояш метарканд,

 Так-так зери пойи тонкҳое, ки механданд.

 Вой аз ин хонаҳое, ки дар ба дар гум мекунанд туро,

 Барои намоз.

 Қурбатан ило бениҳоят нуқтаҳое, ки шикофта мешаванд аз моҳ,

 Даруни ҳилоле, ки дам аз буридан мезанад,

 Аммо дарав мекунад туро.

 Бубин чӣ тавр мечархад ин санги осиёбе, ки мечархам,

 Барои донае, ки мемирад,

 Ҳазор бор зиндаам…

لیلا صادقی — ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply