Карима Шабранг — Афғонистон

Хубони порсигӯ

Дареғ

Ва одат бояд кард,

Ба боло рафтан аз пиллаҳои гунаҳолуди замон,

Дарди ман ҳама аз дасти баланд ва  бемояи рӯзгор аст.

Чигуна метавонам зинда бошам?

Вақте озодии парвонаеро, ки бо атри гиёҳ омезиши аҷибе дорад,

Дар чорроҳи бузурге ба дор меовезанд.

Ва гулӯи маро, ки аз пушти ҳафт кӯҳи сиёҳ,

Фарёд мезанад,

Ҳанӯз дастонеанд, ки маҳкамаш мегиранд.

Ва одат бояд кард,

Ба мусофирати талхи дастони худам,

Ки танҳо хоби навозиши шонаҳоятро мебинад.

Ҳузури ту, ки дили шабро,

Дар утоқам ба тамошо фаро мехонад,

Чӣ бӯса ва оғӯши муқаддасу поке?

«Оё хушбахтӣ дар роҳ аст,

Ки дареғу ҳасрати шабҳои бе туамро,

Ҷуброн кунад?

Бояд ҳама бидонанд,

Ки нутфаҳои ману ту,

Аз батни ишқе ба дунё омадааст.

Ва бигӯ мо ишқро дӯст медорем,

Ба андозаи як ҳамоғӯшии пок ва чашм бастани ҷовидона.

Ҳеҷ дасте роҳи фардоро масдуд нахоҳад кард,

Ва ман намеҳаросам аз он ки бигӯянд»,

Туро дӯст дорам.

Вале,

Таронаҳои ту беҳудааст.

کریمه شب‌رنگ — افغانستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply