Фурӯғи Каримӣ — Голландия — Афғонистон

Хубони порсигӯ

Ҷодаи орзу

Падари пирам андӯҳҳояшро ҳеҷ гоҳе нагиристааст,

Падари пирам истеъдоди аҷибе дорад.

Дар баргардонии андӯҳ ба хашм,

Падари пирам хашмашро хеле дер-дер меёбад.

Ва аз меваҳои пўсидаи қаҳр,

Хастаҳои маломатро якка-якка нигаҳ медорад.

Ҳофизаи ман ҷангалест сар зада аз эҳсоси тақсир,

Ва ман ҳеҷ гоҳ ба андозаи кофӣ хуб набудаам.

Падари пирам тасвирашро дар оинаи муаллими мактабаш мебинад,

Ки ҳар рӯз як «мушт паси гарданӣ» ҳадяаш мекард.

Ва ба рехту қоматаш,

Забону оинаш,

Ва қавму қаряаш механдид.

Ва ба падараш лаънат мефиристод,

Ва баъд рӯйи тахтаи сиёҳ менавишт:

«Ҷаври устод, беҳ зи меҳри падар».

Ва падарам дар авҷи ларзаи тарс,

Фурӯ хӯрдани хашмашро ҳеҷ ҳис намекард.

Падари пирам андешиданро дӯст надорад,

Ҳарф заданро дӯст надорад.

Ва гиристанро хилофи мардонагӣ медонад,

Падари пирам ҳеҷ гоҳе эътироф нахоҳад кард, ки метарсад.

Ҳатто вақте ки муаллимашро ба хоб мебинад,

Тарсашро ба хашм табдил мекунад.

Ва ба ҷангали ҳофизаи ман ларза меандозад,

То ман барои нотамомиҳоям гиря кунам.

Падари пирам беормон нест,

Берӯъё нест.

Ман имтидоди ормонҳояш ҳастам,

Падари пирам он қадар хоби тиллоӣ андӯхтааст.

Ки ман неруманди шонаҳоямро бояд ҷор бизанам,

Ҷор бизанам,

Ва ҷор бизанам.

Ва ба он бовар кунам,

Падари пирам занонагии маро инкор мекунад,

Ва маро зане мешиносад «мардона».

Фазилате дар ман,

Ки ман бояд ба он фахр кунам.

Падари пирам ба он фахр мекунад,

Ва модарам ба он фахр мекунад.

Аз модарам гуфтам…

Бигзор бигирям.

Дар домони бекарони нотамомиҳоям,

Дилам ба шонаҳои кӯдакам месӯзад.

فروغ کریمی- هلند- افغانستان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply