Фотима Муқим Ҳинҷанӣ — Эрон

Хубони порсигӯ

Дар дом…

Эй дил бубин, ки зи ҳаҷри дилором бояд ҳаме гирист,

Назаре бар ту, вафо ба мо накард бояд ҳаме гирист.

Тир аз камон раҳо шуд аз баҳри сайди ӯ,

Худ сайд гаштем дар ин дом бояд ҳаме гирист.

Мо баҳри дӯст сар додаему дам намезанем,

Ҳайҳот сари худ ба дор додаем бояд ҳаме гирист.

Эй дӯст раво набуд бо дӯстон ҷуз меҳру равшанӣ,

Охир ба торикию ба чоҳ афтодаем бояд ҳаме гирист.

Дорам умед, ки ба равшани дарафтаму саломат гузар кунам,

Лоҷарам чун толеъ ба наҳс бошад бояд ҳаме гирист.

Ғам махўр бар ҳаҷри ёру ғами ғурбат худ Муқим,

Он ҷо ки дари лутфи худо бар ту баста шуд бояд ҳаме гирист.

***

 Худо  

Хуррам он дил, ки зи ту ному нишоне дорад,

Дар гушаи танҳоӣ дар дил чароғе дорад.

Ҳаргиз наҳаросад дил дар бистари нокомӣ,

Дар зулмати шабҳояш мушкилкушое дорад.

Чу аз сари лутфу ишқ нигаҳе ба дил кунад,

Аз азал то ба абад муниси ҷоне дорад.

Дар тирашаби ҳиҷрон ҳамчун маҳи тобонӣ,

Сархуш он диле, ки чу ту моҳе дорад.

Накунам шикваву шикояти даврон ҳар дам,

Шукр кунад дил ҳама шаб, ки худое дорад.

***

 Насим  

Эй насими субҳдам туро қасам,

Бар кўйи ёри ман даме гузар.

Бар чеҳрааш бӯса зан, бигӯ,

Дучор гаштаам ба ишқи ӯ.

Чу моҳии гирифтори мавҷ,

Чу барги гирифтори дасти бод.

Ҳоли ман бе ӯ дард дорад,

Ва дарде беилоҷ аст.

Оре, бе ишқ,

Зиндагӣ ҳама тан дард аст,

Фақат бигӯ биё.

***

Сароб…

Шабе дар хилватт рӯъё,

Туро ман орзу кардам.

Ду чашми пуршаробатро,

Ва он барқи нигоҳатро.

Ба дил ман орзу кардам,

Нимашаб дар сояи ваҳму хаёл.

Чу гумгашта дар биёбон,

Ба думболи об.

Шудам маҳсуру махмур аз он бода,

Ба рӯйи ақл чашм бастам.

Чиҳо ман орзу кардам,

Дида сангин шуд.

Хоби меҳмон хаёлам шуда буд,

Соате чанд гузашт бар ин дил.

Чашми дил боз намудам дидам,

Тунги эҳсоси маро бод шикаст.

Моҳии ишқи ман афтода ба хок,

Ману дил ҳар ду гирифтори сароб.

فاطمه مقیم هنجنی — ایران


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply