Язна қайсингулро таҷовуз карда кушт

ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

   Мақомоти Тоҷикистон як сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намудаанд, ки дар қатли хоҳари ноболиғи ҳамсараш муттаҳам мешавад. Тавре ба хабарнигори «Tajikistantimes.tj аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар пайи амалиёти муштарак бо кормандони додситонӣ муайян шудааст, ки боздоштшуда 7-уми августи соли 2016, ба шаҳри Қурғонтеппа омада, бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш мулоқот кардааст: “Тахминан соати 21:30-дақиқа, дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш вохӯрда, алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Сипас бо корди дар дасташ буда, ба гулӯ ва дигар узвҳои бадани духтари ноболиғ 6-7 бор зарба задааст”. Тавре як манбаи муътамад иброз доштааст, дар пайи қатли духтараки 17 сола  гунаҳгор язнааш аст, ки бо вуҷуди ваҳшиёна куштанаш ҷасади беҷонро ба канали обгузари “Ҷайҳун” партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Язна қайсингулро таҷовуз карда кушт

  • Саидшо Қаландаров Ана ҳаёт ку к… Пуса твори мард а садқаи ҳаму модари ки туро зойдаст шавӣ , бе ақл бе тарбия ҳайвон алаф хур мура аз ин ҳолата но одами ҳаром

Leave a Reply