Якчанд хиёбонҳо ва боғҳои ҷамъиятии Туркманистонба номи Ислом Каримов мешаванд

Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯзҳо ВАО-и ҷаҳон бобати марги президенти Ӯзбакистон хабарҳои гуногунро пахш мекунанд. Яке ӯро қаҳрамони миллати ӯзбак, дигаре диктатори дуюми Осиёи миёна, пас аз туркманбошӣ медонад. аммо дар ҳамин рабт бештарин расонаҳо ба варианти дуюм- диктатори №2- и Осиёи Миёна қарор гирифта, хабари марги мавсуфро ба сарлавҳаи «Диктаори №2-и Осиё Миёна мурд» гӯён интишор кардаанд.

Аммо алорағми «хурсандӣ»-и бештари мардуми минтақа ва ҷаҳон президентҳои минтақаи Осиё аз Ислом Абдулғаниевич ба некӣ ёд намуда, ӯро «сиёсатмадори беҳтарин ва бародари меҳрубон» мехонанд. Аз ҷумла президенти Тоҷикистон аз Ислом Каримов чун «дӯсти азиз» ёд намуда, Аскар Акаев бошад, гуфтааст, ки «бо акои Ислом ҳар шаб телефонӣ сӯҳбат мекардем».

 Аммо сухани президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дар маросими видоъ бо Ислом Каримов боиси гапу калочаҳои зиёдатӣ ва норозигии қишри зиёди ҷомеаи Туркманистон гардидааст.

 Мавсуф зимни видоъ бо Ислом Абдуғаниевич, ки рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри  қадимии тоҷикон Самарқанд, ки дар ҳамин раванд зодгоҳи Ислом Каримов маҳсуб меёбад ва чандин маротиба ба миллати тоҷик рабт доштани аввалин президенти Ӯзбакистон дар расонаҳои дохилию хориҷӣ дарҷ гардидааст, гуфтааст:

— Ислом Абдуғаниевич халқи худро бениҳоят дӯст медошт ва барои беҳбудии зиндагии халқаш кӯшиш ва корнамоиҳои зиёде намудааст. Ӯ барои беҳдошти зиндагии халқи ӯзбак, тараққии Ӯзбакистон корҳои шоёни таҳсину офаринро иҷро кардааст. Ман ҳамдардии хешро ба кулли мардуми Ӯзбакистон, хусусан ба аҳли байти Ислом Абдуғаниевич мерасонам.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар идомаи суханронии хеш гуфтааст, ки

 «Ӯ инсони наҷиб, дилкушоду сахӣ, патриоти асил, сиёсатмадори олиҷаноб дар роҳи давлатдорӣ буд. Ҳар як пешниҳоду эроди ин сиёсатмадори сатҳи баланд бидуни ягон дудидалгӣ аз сӯйи созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёфт ва бо хушнудӣ қабул карда мешуд».

Бердимуҳаммадов иброз намудааст, ки Ислом Каримовро новобаста аз президенти дигар кишвар буданаш мардуми туркман дӯст медоштанд ва эҳтиром мекунанд. « Бинобар ҳамин ҳам ман ваъда медиҳам, ки ба поси гиромидошти хотираи неки Ислом Каримов якчанд хиёбонҳо ва боғҳои ҷамъиятии Туркманистонро ба номаш номгузорӣ мекунем».

Ӯ гуфтааст, ки ин пешниҳод натанҳо дар хиёбонҳои пойтахти Туркманистон, балки дар хиёбонҳои бурунмарказӣ низ ҷорӣ хоҳад шуд.

Аммо дар ҳамин ҳол аксари истифодабарандогони сомонаҳои ичтимоии туркман изҳори норозигӣ намуда, гуфтаанд, ки набояд хитёбони Туркманистон ба номи президенти дигар давлат ва он ҳам бошад ба номи шахсе, ки чун диктатор эътироф гардидааст, номгузорӣ гардад.

То кунун ин «фармон»-и Бердимуҳаммадов дар амал татбиқ нашудааст, аммо чунин ба назар намерасад, ки аксарияти мардуми туркман ин пешниҳоди президенташонро хуш пазируфта бошанд. Чун ҳар миллат мехоҳад, ки дар кишвараш номи шахсиятҳои мӯътабари халки худаш зиндаю ҷовид монда, хиёбонҳояш ба номи абармардони миллаташ номгузорӣ шавад, на ба номи касе, ки барои халқу миллаташ бегона буда, чун диктатор эътироф гардида бошад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Якчанд хиёбонҳо ва боғҳои ҷамъиятии Туркманистонба номи Ислом Каримов мешаванд

  • рахмати мурду дар дили мардуми точик сиёхи монд

Leave a Reply