Ҳуҷум ба НФС-и Ёвон

ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки нисфи шаби 30-юми сентябр нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ёвон ҳадафи ҳамлаи се нафар қарор гирифтааст. 

Тавре аз ин ниҳод  иттилоъ додаанд, ки ҳодиса тахминан соати 01:20 рух дод: “Шахсони номаълум вориди ҳуҷраи нуқтаи сӯзишворӣ шуда, тариқи зӯроварӣ дасту пойи корманди нуқтаи сӯзишворӣ, марди 28-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро баста, аз ҷайбаш 1140-сомонӣ пули нақд ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Манбаъ афзуд, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷавонони 25, 27 ва 30-сола боздошт шудаанд, ки ду нафари онҳо қаблан барои дуздӣ суд шудаанд: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply