Тифли 7 -моҳаро 14 корд заданду зинда монд.

Наход, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Тифлаки хурдро пас аз чордаҳ маротиба бо корд задан, дар деҳаи Кхонкэн заминро на чандон чуқур кандаву гӯр кардаанд Бино ба маълумоти Daily Mail  ин тифлаки анқариб мурдаро тасодуфан чӯпоне, ки дар қарибиҳо рамаи худро мечаронд пайдо кардааст. Вақте вай аз назди тифлак мегузарад пойҳои хурдакакеро мебинад, ки каме  аз хок берун шуда меистоданд. Вақте  баргҳои болои «қавр»-ро дур мекунад ва аз кӣ будани ин пойҳоро мефаҳмад дар ҳайрату таҳлука меафтад. « Ман дар авал гумон кардам,ки ягон ҳайвонеро гӯронидаанд. Чун дидам, ки тифлак аст доду вой кунон атрофиёнро ба кӯмак даъват кардам. Шумо боваратон меоян ин тифлакро ҳатто рӯяш ба тарафи замин гӯронидаанд» мегӯяд чӯпон, ки Кронгют ном дорад. Кӯдаки 7 моҳаро зуд ба беморхона бурда расониданд ва духтурон дар бадани хурдакаки вай 14 пайи захми корд пайдо карданд. Ба хулосаи духтурон маҳс фишори хок нагузоштааст, ки кӯдак аз хунравии зиёд фавтад.

Хушбахтона Айдин, тифлакро чунин ном карданд айни замон комилан хуб шуд ва ӯро ба хонаи кӯдакон бурданд. Сипас вайро як ҷуфт аз Шветсия ба фарзандӣ қабул карданд  чуноне як корманди ин муасиса гуфтааст «Айни ҳол ҳама ҳуҷатҳо ба расмият дароварда шудаанд, мо хело хурсандем, ки Айдин пас ин ҳама даҳшати ба сараш омада, ба ҳаёти хушу сазоворе мерасад. Ин тифлак сазовори беҳтаринҳост»

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply