Собиқадори ҶБВ Қодир Шерхонови 100-сола даргузашт

ХАБАРИ ТОЗА

Ду рӯз пеш дар шаҳри Турсунзода дар синни 100-солагӣ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Шерхон Қодиров дунёи равшанро тарк кард.
Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ-и шаҳр Ҳаитбобо Ҳаитов иттилоъ додааст, барои ба роҳи охирин гусел кардани Қодир Шерхонов намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ҷамъ омаданд. Қодир-бобо 17 соли охири ҳаёташ дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр фаъолон иштирок карда, вазифаи муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ-и шаҳрро ба зимма дошт.
Қодир Шерхонов то шаҳри Берлин расида, бо медалу орденҳои ҷангӣ мукофотонида шудааст.
Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply