Сиёҳшишаҳоро манъ кунед!

Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Нозирони роҳ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон аз соҳибони мошинҳои сиёҳ талаб доранд, ки мошинҳояшонро ранги сафед кунанд.

Охири моҳи декабр дар пойтахти Туркманистон нозирони роҳ бе ҳеч огоҳӣ мошинҳои сиёҳро ба ҷаримагоҳҳо бурданд. Расман сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст, аммо талаби ранги дигар кардани мошинҳои сиёҳ хизматрасониро дар нуқтаҳои таъмири мошинҳо гарон кард.

Ба иттилои сокинон, соҳибони мошинҳое, ки нозирони роҳ онҳоро ба ҷаримагоҳ бурдаанд, нахуст бояд, аз нуқтаҳои таъмири мошинҳо дар мавриди ранги дигар кардани мошинашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд ва баъди он ҳақ доранд, мошинҳояшонро аз ҷаримагоҳҳо бароранд.

«Бе ин ҳуҷҷат сокинон наметавонанд, худравҳояшонро аз ҷаримагоҳ бароранд. Бе иҷозатнома ҳамчунин ронандагон наметавонанд мошинҳояшонро ранг кунанд. Барои дарёфти иҷозатнома навбатпоии тӯлонӣ ташкил шудааст», — мегӯянд сокинон.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply