Сайри олами мусиқӣ бо Абдуҳаким Абдуфаттоев

ХАБАРИ ТОЗА

Дунё бо тарона зебост. Савту навои дилангез метавонад, ки қалби миллионҳоро ба шӯр оварад. Аз ин рӯ, рӯз аз рӯз шумораи мусиқиҳо афзуда истодаанд. Қариб як сол аст, ки дар кишвари азизи мо сомонае таҳти унвони  www.ohang.tj ба фаъолият шурӯъ кардааст ва барои якояки мо таронаҳои ҷадидро ба таври зудӣ дастрас намуда истодааст. Бидуни шак метавонем зикр кунем, ки он яке аз сомонаҳои беҳтарини ҷумҳурии мо гардида, истифодабарандагони бешуморро дорад. Аз ин лиҳоз, мо хостем бо асосгузори сомонаи мазкур – Абдуҳаким Абдуфаттоев мусоҳиба карда бошем:

   Абдуфаттоев Абдуҳаким 8 – уми июни соли 1995 дар шаҳри Исфара, дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2003 барои истиқомат кардан ба шаҳри Хучанд омада, мактаби Гимназияи рақами 2 -и шаҳри Бӯстонро хатм кардааст. Алъон ӯ донишҷӯи курси 4-уми  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, дар соҳаи информатикаи иқтисодӣ таҳсил карда истодааст. Маҳз ӯ таъсисгари сомонаи www.ohang.tj  маҳсуб меёбад.

 Иқдоми таъсис додани сомонаи ohang.tj кай тавлид ёфт?

Лоиҳаи таъсис додани он якчанд муддат дар фикри ман буд. Дар охир сомонаи www.ohang.tj аз санаи 1- уми феврали соли 2015 фаъолияти худро оғоз намудааст.

 Мақсади сохтани сомонаи мазкур дар чист?

Бояд тазаккур дод, ки ҳоло мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва  алъон замони илму техника аст.  Ҳатто ҳангоми аз хоб хестан низ мо ба шабакаи интернет руҷӯъ мекунем. Бо сохтани сомонаи мазкур хостам, ки мардумро аз хабару навгонӣ ва таронаҳои нави тоҷикӣ бархудор намоям. Рости гап, аввал ман сомонае таъсис додам будам, ки таҳти унвони  Surud.Ru буд ва дар он ҷо ҳама таронаҳои ҷаҳонро мегузоштам, баъдан фикр кардам, ки дар шабакаи интернет ин тавр сомонаҳо зиёданд,  аз ин лиҳоз хостам, ки  танҳо сурудҳои тоҷикиро ба мардум пешкаш намоям. Ба хулосое омадам ки номи сомонаро низ бо номи тоҷикӣ номгузорӣ намоям. Рӯзе аз телевизион клиперо дидам, ки дар он навишта шуда буд:  “оҳанги …” яъне ному насаби оҳангсоз зикр гардида буд.  Сипас, ҳамин номро интихоб намудам ва ба сомона номи www.ohang.tj

-ро бахшидам.

Боиси таҳсину офарин аст, ки тамоми сурудҳои навро ба таври оперативӣ ба сомона ҷой медиҳед, то ки мухлисони савту наво зуд бархурдор гарданд. Оё ашхоси дигаре ҳастанд, ки барои ба сомона ҷой додан ба Шумо кӯмак мерасонанд?

Ашхоси дигар ба сомона воридкунанда нестанд,танҳо худам сурудҳоро ба сомона ҷой мекунам. Ду нафар духтараконе ҳастанд, ки  мавод ё видеоклипҳоеро, ки ман ба сомона мегузорам, ба шабакаҳои иҷтимоӣ реклама мекунанд. Яке аз шаҳри Душанбе асту  дигаре аз шаҳри Конибодом мебошад.

Оё интернети Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки ҳамаи он аудиоҳову видеоҳоро бидуни мушкилӣ ба сомона ҷой диҳед? Шумо кадом Интернет – провайдерро истифода мебаред?

Дар солҳои охир хизматрасонии Интернети Тоҷикистон беҳтар шуда истодааст. Ман аз провайдерҳои Вавилон — Мобайл ва Телекомм Технолоджи истифода мебарамМебинем, ки рӯз аз рӯз сомонаатон шукуфта истодааст. Оё он сарпараст дорад?

Мутаассифона, сарпараст надорад. Сарпарасти сомона  шахсан худам, яъне Абдуҳаким АбдуфаттоевJ мебошам.

Асосан, бо киҳо ҳамкорӣ доред?

Аз рӯзе, ки сомона созмон дода шуд, бо ситораҳои эстрадаи тоҷик: Анвар Ахмедов,Гуласал Пулотова, Ғолибжон Юсупов, Дилноза Каримова, Соҳиб Назриев, Фотима Машрабова, Ҷонибек Муродов, ва дигарон ҳамкорӣ дорем. Як қатор  радиоҳо ба монанди: Радио Исфара, Радио Азия Плюс, Радио Ховар, Радио Пайванд, Радио Шаҳри ман, инчунин бо ширкатҳои Топ Медиа ва  Студия Муҳаммад равобити ногусастанӣ дорем.

Дар оянда сомонаи www.ohang.tj барои мо чӣ сюрпризҳо омода карда истодааст?

Дар оянда сомонаи ohang tj дар шаьри Бӯстон ансамбли созию овозии «Навои Бӯстон”-ро ташкил карданист. Ба наздикӣ тавассути  рекламаҳо аз он хабардор хоҳед гашт. Инчунин якчанд идеяҳо дорам, ки дар ояндаи наздик дар амал татбиқ хоҳем кард. Он идеяҳо барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ва дохил кардани якчанд функсияҳои нав, ки аз гуфтани он худдорӣ мекунам (сюрприз аст), пешкаши истифодабарандаҳои азиз хоҳад гашт.

Дар охир гуфтаниям, ки дӯстони азиз, агар дар сомонаи мо камбудиҳоро мебинед ё ки аз он ҷо таронаи дӯстдоштаи худро намеёбед, дилгир нагардед ва ҳатман ба ман муроҷиат намоед. Ман ҷидду ҷаҳд хоҳам кард, ки ҳамаи онро барои шумои азиз дастрас намоям, чунки кору фаъолияти мо танҳо барои шумост! Ҳамеша бо мо бошед!

Ташаккур!

Бисёр сипос! Бароятон хушбахтиву саодати ҷовидонро таманно дорем. Бигзор ҳамеша зафарманду нусратёр бошед!


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply