Рӯзноманигорони хориҷиро роҳбаладон назорат мекунанд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Панҷумин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон идома доранд. Созмондиҳандагони бозиҳо рӯзноманигорони зиёди хориҷиро барои инъикоси мусобиқаҳо даъват кардаанд. Аммо сарфи назар аз он ки қисме аз рӯзноманигорони даъватшударо ба кишвар роҳ надоданд, рӯзноманигорони воридшударо низ ҷиддан назорат мекунанд.

Ба бархе аз хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи аксбардорӣ ва наворгириро намедиҳанд. Хабарнигорони расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, аз пайи ҳар рӯзноманигор ду роҳбалад назорат мекунад.

«Ду роҳбалад аз пайи ман назорат мекунад. Ин яке аз шароитҳое буд, ки ба маҳзи ворид шудан ба Ишқобод барои мо муҳайё карданд. Ман ҳақ надорам, ки мустақилона равуо кунам, онҳо ҳамеша ҳамроҳи ман ҳастанд. Онҳо пинҳон намекунанд, ки вазифадор шудаанд, ҳамарӯза бояд се маротиба ба мақомот гузориш диҳанд. Ин роҳбаладон — ду ҷавон — яке духтар дигарӣ писар, мегӯянд, донишҷӯёни маҳаллӣ ҳастанд», — гуфт як рӯзноманигори хориҷӣ.

Ҳудуди иншооти варзишие, ки бозиҳо баргузор мешаванд, лабрези пулису фаррош аст, мегӯяд хабарнигор.

Аз чанд расонаи маъруфи ҷаҳонӣ, мисли The Guardian, Associated Press ва чанди дигар иҷозатномаҳои ширкат дар бозиҳо пас гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ин расонаҳо ба бозиҳо «таваҷҷуҳи аз ҳад беш зоҳир мекунанд».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply