Полковник Салимзода дар зиндон мурд, ӯ кӣ буд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Полковник Муҳаммадӣ Салимзода, як афсари тоҷиктабори нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки дар соли 2009 бо гуноҳи ҷосусӣ ва қасди сарнагун кардани ҳукумати қонунии Тоҷикистон ба 29 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар синни 57 дар маҳбас вафот кардааст.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, полковник Муҳаммадӣ Салимзодаҳафтае пеш дар як маҳбас дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Иллати марги ӯ эълон нашудааст.

Муҳаммадӣ Салимзода зодаи ноҳияи Ванҷ буда, дар замони Шӯравӣ дар КГБ – Кумитаи давлатии амният – кор мекард ва дар соли шуми 1992 корманди амният дар вилояти Қӯрғонтеппа – ҷабҳаи асосии соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон – ифои вазифа мекард.

Ӯ дар поёни соли 1992 ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш ба Бишкек рафт ва шаҳрвандии Қирғизистонро гирифта, то замони бознишаста шуданаш дар мақомоти қудратии он кишвар кор кард.

Муҳаммадӣ Салимзода дар соли 2000 тарки хидмати низомӣ карда, дар Бишкек машғули пажӯҳиши масоили амниятӣ буд ва аз ҷумла китоберо бо номи «Ислом дар Осиёи Марказӣ” нашр кард.

Муҳаммадӣ Салимзода дар моҳи августи соли 2008, вақте барои баргузории тӯйи духтари хурдиаш ба Тоҷикистон омад, дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд ва ба ҷосусӣ ва қасди табаддулоти давлатӣ айбдор шуд.

Ӯ замоне дастгир шуд, ки ҳамроҳи духтари калониаш бо либоси хонагӣ ба кӯча баромад. Духтараш барои гирифтани чизе барои чанд дақиқа ба хона баргашт, вале вақте дубора ба кӯча баромад, аз падараш ягон нишон набуд. Наздикони Салимзода ба мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки дар ҷустуҷӯи ӯ кумак кунанд, акси полковник Салимзодаро ҳатто чанд бор аз телевизиони вилоятӣ ҳамчун одами гумшуда намоиш доданд.

Аҳли хонаводаи Салимзода танҳо баъди 4 моҳ дар моҳи декабри соли 2008 хабар ёфтанд, ки ӯ аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон бо гумони ҷосусӣ боздошт шудааст.

Дар моҳи майи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон ин афсари баландпояи Қирғизистон бо гуноҳи ҷосусӣ ва қасди сарнагун кардани ҳукумати қонунии Тоҷикитон ба 29 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Муҳокимаи парвандаи Муҳаммадӣ Салимзода ба далели сирри давлатӣ доштани парвандааш пушти дарҳои баста гузашт.

Аммо наздикони полковник Салимзода, аз ҷумла духтараш Шоира Салимзода мегуфтанд, ки ӯ бедалел ва танҳо бар пояи эътирофи худаш маҳкум шудааст. Шоира Салимзода гуфта буд, танҳо ҷурми падараш ин буда, ки дар тобистони соли 2008 дар як СМС ба хориҷи Тоҷикистон авзои сиёсӣ дар ин кишварро ноором номидааст.

Аммо номаълум монд, ки ӯ бо телефон дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон бо кӣ табодули назар кардааст? Ин ҳам номаълум монд, ки полковник Салимзода барои кадом кишвар «ҷосусӣ” мекард? Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ягон бор тафсилот надодаанд ва танҳо дар посух ба номаи сафорати Қирғизистон гуфтаанд, ки «сухан дар бораи кишвари сеюм меравад, на Қирғизистон.”

Мақомоти Қирғизистон барои раҳоии ин афсари баландпоя аз ҳабс дар Тоҷикистон талошҳое анҷом доданд. Аз ҷумла додситонии кулли Қирғизистон дар тобистони соли 2009 бар асоси Паймоне, ки дар кишварҳои худашон адо кардани ҳукми зиндони маҳбусони хориҷиро иҷозат медиҳад, аз мақомоти Тоҷикистон расман хоста буданд, ки Муҳаммадӣ Салимзодаро барои идомаи адои ҳукмаш ба Қирғизистон бисупоранд. Вале Душанбе ин дархостро напазируфт.

Дар соли 2010 Қирғизистон дигарбора даргири кашмакашҳои дохилӣ ва табдили ҳукумат гардид ва дар ин лобало қазияи Муҳаммадӣ Салимзода дигар фаромӯш шуд.

Полковник Муҳаммадӣ Салимзода то кунун баландпоятарин афсари як кишвари хориҷист, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ дастгир ва маҳкум шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply