Писари номазад ба мақоми президент,раиси «Рустави-2»-ро зад

ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Писари номзади мухолифон ба мақоми президентии Гурҷистон дар интихоботи соли 2008 Леван Гачечиладзе – Рати рӯзи якшанбе бо айби латукӯби Ника Гварамия, мудири кулли телевизиони маъруфи ин кишвар «Рустави-2» боздошт шудааст.

Ба иттилои пулиси Гурҷистон, Гварамия шоми шанбе, баъди маросими дафни падараш бо дӯстҳои худ ба тарабхонаи «Dining Room» меояд, ки Рати Гачечиладзе низ бо рафиқонаш дар онҷо ҳузур дорад.

«Дар бино ногаҳон барқ хомӯш мешавад. Бо истифода аз ин фурсад, Гачечиладзеи хурдӣ ба назди мудири кулли телевизиони мухолиф рафта, ба сару рӯйяш чанд бор сахт мезанад. Дар натиҷаи Гварамия беҳӯш мешавад. Баъди чанд лаҳза ба ҳӯш омада, дар суҳбат бо рӯзноманигорон мегӯяд, тамоми талошҳои худро мекунад, то ҳамлагар муҷозот шавад», — афзудааст манбаъ.

Рати Гачечиладзе, ки баъди чанд соат худ ба идораи пулис ҳозир шуд, дар Фейсбук навишт, ки «бо ин кораш қасоси ранҷу машаққати хонаводаашро тайи 9 соли ҳукумронии Михаил Саакашвилӣ гирифтааст».

Гачечиладзе-калонӣ амали писарашро маҳкум карда, гуфтааст, ки Гварамия баъди шикасти ҳукумати Саакашвилӣ дар интихоботи порлумонии соли 2012 мудири телевизиони «Рустави-2» таъйин шудааст. «Гварамия дар ҳукумати Саакашвилӣ муовини додситони кулли Гурҷистон буд ва пайваста қонуншиканӣ мекард», — афзудааст вай.

Рати Гачечиладзеи 30-соларо барои латукӯби муовини пешини додситонии кулли Гурҷистон то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Телевизиони «Рустави -2» ба дӯстони президенти пешини Гурҷистон ва соҳибкорони украинӣ — Леван ва Георгий Караманишвили тааллуқ дорад. Худи Михаил Саакашвилӣ ва Ника Гварамия борҳо ҳукумати кунунии Гурҷистон, аз ҷумла асосгузори Ҳизби «Орзуи гурҷӣ» миллиардер Бидзину Иванишвилиро ба талошҳои аз худ кардани телевизиони мухолиф айбдор карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply