Имрӯз рӯзи тавлид ва марги Аҳмад Зоир аст

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Рози ситораҳо, ХАБАРИ ТОЗА

Аҳмад Зоҳир 14.06.1946 дар Кобулба дунёомадааст. Падараш          Абдузоҳир сафирбуд васоҳиби  чаҳор фарзандбуд:

 Зоҳира, Осиф, Аҳмад ва Билқис.  Хатмкардаи литсеи «Ҳабибия» ва Дорулмуаллимини Кобул, муддате дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар риштаи таълиму тарбия таҳсил намудааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст. Овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва тарзи нави иҷрои суруд ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёбад.

Нахустин ҳунарманди Афғонистон аст, ки созҳои мусиқии барқиро истифода кардааст. Аз соли 1972 то поёни умр ҳамасола бонуфузтарин ҷоизаи санъати сарояндагии Афғонистон «Хонандаи беҳтарини сол»-ро сазовор гардидааст.

Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир беш аз 600 сурудро дар бар мегирад, ки асосан ба забони дарӣ ва чанде ба за­бонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд. Оҳангу таронаҳояш аз рӯйи сабку шеваи иҷро асосан дар пайравии оҳангҳои анъанавии миллӣ ва қисман сабки мусиқии ҳиндӣ ва ғарбӣ эҷод шудаанд. Бар асоси оҳанг­ҳои такмилдодаи халқӣ низ таронаҳои зиёде сурудааст. Барномаи бебаҳояш аз эҷодиёти қариб сад шоири пешину муосири форс-тоҷик гулчин шудааст. Ба мавзӯъҳои ишқӣ, ватандӯстӣ-иҷтимоӣ зиёдтар таваҷҷуҳ намудааст. «Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам», «Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст», «Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон», «Ёр аз дили ман хабар надорад», «Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам», «Меҳан, эй меҳан», «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Аё сайёд, раҳме кун, маранҷон нимҷонамро», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад» аз ҳамин қа­биланд.

Дар Тоҷикистон суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир маҳбубияти зиёд доранд. Бисёр сарояндагони тоҷик дар пайравии ӯ таронаҳо месароянд. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир садҳо лавҳаву мақола ва китобҳои алоҳида нашр шудаанд.

 Зиндагии шахсӣ:

Соли 1969 бо Ноҷия хонадор шуда, соли 1970 соҳиби писар мешаванд, ки номашро Рашод мегузоранд. Соли 1973 Ноҷия аз рашки зиёд дигар тоқат накарда, аз Аҳмад Зоҳир ҷудо шуд.

Таронаи

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам.

Раҳме накардӣ, ман ноумедам.

Ҳаргиз дубора сӯят наоям.

Кардӣ ту помол ин сарнавиштам

ба ҳамин мавриди зиндагии Аҳмад Зоҳир тааллӯқ дорад. Баьде, ки шариатан аз ҳам ҷудо мешаванд Аҳмад суруди

Бурида бод пои ман, агар равад ба хонаат.

Шикаста гардад он саре, ки хам шавад ба шонаат-ро сабт карда хатти талоқи Ноҷияро медиҳад.

Як мухлиси Аҳмад Холида ном дошт, ки падараш соҳибмансаб буд. Ӯ аз Аҳмад хоҳиш мекунад, ки ӯро ба занӣ бигирад, аммо Аҳмад рад мекунад ва ӯро ба зиндон мебаранд. Баьди чанде розӣ мешавад ва онҳо хонадор мешаванд.

Аммо Аҳмад пинҳонӣ аз Холида бо Фахрия ном духтаре издивоҷ мекунад.

Рӯзе ҷасади Холидаро дар кӯтали Хайрхона меёбанд, ки Аҳмадро гумонбар мекунанд ва ӯро ба зиндон мебаранд. Баьди 6 мох бегуноҳиаш исбот гашта ӯро чавоб медиханд, соли 1975. Вақте, ки ӯ аз зиндон мебарояд, рост ба болои тобути модараш меояд. Ӯ ба ҳолати шок афтида якчанд маротиба ба тани худ корд мезанад ва ӯро ҷарроҳӣ ҳам мекунанд.

Сурудхои «Ай Худо, модари ман боз ба ман дех» ва «Бинозам калби покат, модари ман»-ро Аҳмад Зоҳир дар рӯзҳои азодорӣ гуфтааст.

Соли 1979 рӯзе марде ба хонаи Аҳмад омада ба Фахрия мегӯяд, ки шавӯарашро намонад ки аз шаҳр берун барояд, чунки нақшаи аз байн бурдани ӯ бо кумаки дӯсти наздикаш ва ду духтар сурат мегирад. Фахрия ин ҳамаи гапҳоро ба Аҳмад мегӯяд.

Рӯзи зодрӯзи Аҳмад Зоҳир, яьне 14 июни соли 1979 субҳ дусташ Маҳбубуло бо ду духтар Шаҳноз ва Шакило ба хонаи ӯ меоянд ва соати 9-и субҳ онхо ба дараи Соланг мераванд, ки сари роҳи онҳоро мошине мегирад ва марде аз он мошин пиёда шуда, Аҳмадро ба берун даьват мекунад. Аҳмад Зоҳир аз мошин фаромада ба сӯи ӯ меравад, ки ногахон он мард туфангчаро мебарорад ва ба Аҳмад нишон мегирад ва ба пешониаш мепарронад.

Ҳамроҳонаш Аҳмадро ба шифохонаи Чоряккор мебаранд ва ба ҳама мегӯянд, ки баногоҳ дар сараш оҳан даромад. Ҷасади Аҳмад Зоҳирро соати 5-бегоҳи ҳамон рӯз ба Кобул меоранд ва дар қабристони Шуҳадои Солеҳин ба хок месупоранд. Субҳи дигар, яьне 15-июни соли 1979 Фахрия духтар таваллуд мекунад ва номашро Шабнам мегузорад.

Як рӯз пеш аз маргаш яьне 13.06.1979 Аҳмад Зоҳир ба Фахрия як фитаро тақдим мекунад. Фахрия рӯзи 15 июн ин фитаро гӯш мекунад, ки аз ҷумла ин таронаро дошт:

Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту.

Бароям гиря кун, фардо ба ҷуз ёде нахоҳад буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Имрӯз рӯзи тавлид ва марги Аҳмад Зоир аст

  • Ича бисери чойхош хато гуфтагияй,….и Ахмад Зохира як рафик дошт номш Парасту ана хавай медона КИ Ахмад Зохира ай пушти сар мепарона,на ИН КИ ай пешони!!!!!!

Leave a Reply