Хабарнигори Радиои Озодӣ-ро боздошт ва латту кӯб намуданд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Худойбердӣ Аллашов, хабарнигори Радиои Озодиро дар Туркманистон кормандони пулис дар минтақаи Конеургени вилояти Дашогуз боздошт кардаанд. Ҳамроҳ бо Аллашови 27-сола модар ва ҳамсараш низ дастгир шудаанд. Баъдан ҳамсараш раҳо шуда, аммо пас аз чанд соат дубора боздошт гардидааст.

Пулис хабарнигорро дар нигаҳдории 11 кило тамоку айбдор мекунад. Шоҳидон айбро зидди хабарнигори Радиои Озодӣ сохта хонда, мегӯянд, Худойбердӣ Аллашов дар идораи пулис латтукӯб шудааст ва бо истифода аз нерӯи барқ ӯро маҷбур кардаанд, ки худро гунаҳкор ҳисобад. Осори латтукӯби шадидро дар бадани Аллашов яке аз шоҳидони дигар, ки ӯро баъди боздошт дидааст, тасдиқ мекунад.

Худойбердӣ Аллашов аз моҳи октябри соли равон ба ин сӯ ҳамкориро бо Радиои Озодӣ оғоз карда, дар бораи истифодаи нерӯи иҷборӣ ҳангоми ҷамъоварии пахта, норасоии ғизо дар минтақа ва таъхири маошҳо хабар дода буд.

Радиои Озодӣ боздошт ва эълони айбро зидди Худойбердӣ Аллашов ба фаъолиятҳои касбияш рабт медиҳад. «Ба назари мо, ин айбдоркунӣ як қисми маъракаест, ки барои хомӯш гардонидани бахши туркманию тарсонидани мардуми Туркманистон равона шудааст. Хабарнигорони моро боздошт, латтукӯб, бозпурсӣ ва худсарона ба ҳабс гирифтаанд. Мо далели кофӣ дорем, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва масъулияти ин ҳама ба зиммаи мақомоти Туркманистон хоҳад буд», — гуфтааст Томас Кент, президенти Радиои Озодӣ.

Тайи солҳои ахир таъқиби рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар Туркманистон пурзӯр шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply