Фаронса: Полис сафирро кушт

ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Мақомоти пулиси Бразилия гуфтанд, ки қотили сафири Юнон дар ин кишвар як афсари 29-солаи пулис будааст. Ин афсар эътироф карда, ки бо ҳамсари дипломати юнонӣ Кириакос Амиридис робита дошт ва бо фармоиши ӯ сафирро кушт. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳамсари сафири Юнон низ ба доштани робита бо ин маъмури пулис эътироф кардааст. Ҷасади Кириакос Амиридиси 59-сола рӯзи панҷшанбеи гузашта дар дохили як худрави сӯхта пайдо шуд. Ӯ аз соли 2001 то 2006 консули Юнон дар Рио-де-Жанейро буд ва имсол ба унвони сафири ин кишвар дубора ба Бразилия баргашт.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply